Аксия дар Хуҷанд: “Саломатии миллат-боигарии давлат”

Аксия дар Хуҷанд: “Саломатии миллат-боигарии давлат”
Июн 29
10:48 2022
Имрӯз таҳти ин унвон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар мавзеи таърихии майдони Регистони бозори “Панчшанбе” ҳамоиши шаҳрӣ доир гардид.
Бояд зикр намуд, ки бо мақсади таъмини солимии аҳолӣ ва пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои давлатӣ ва Стратегияҳо қабул гардидааст.
Чорабинии мазкур низ ҷиҳати татбиқи нақшаи амалӣ “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ки як бахши он ба “Занон ва тандурустӣ” бахшида шудааст, бо ибтикори шӯъбаи кор бо занон ва оила бо иштироки намояндагони муассисаҳои тиббии шаҳру вилоят сурат гирифт.
Дар аксия кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоят ва шаҳр, Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, Маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ-и вилояти Суғд, ташкилоти ҷамъиятии «Сарчашма» ва ғайраҳо фаъолона иштирок намуда, бо мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Таъкид шуд, ки ҳадафи асосии чорабинӣ ин пешгирии паҳншавии сироятёбии бемории ВНМО/БПНМ, бемории сил, солимии репродуктивӣ, риояи гигиенӣ шахсӣ, тарғиби тарзи ҳаёт солим байни аҳолӣ маҳсуб меёбад.
Ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 958
  • 1,242
  • 949,978