Ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва тиббии тарзи ҳаёти солим

Ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва тиббии тарзи ҳаёти солим
Август 12
13:56 2022

Боиси хушнудист, ки давоми солҳои охир маҳз дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми гӯшаву канори мамлакат даҳҳо варзишгоҳҳои хуштарҳу замонавӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки дар тарғиби тарзи ҳаёти солим, ба варзиш машғул шудани ҷавонон ва наврасон ва дар ин замина пешгирии амалҳои номатлуб дар байни ин табақа саҳми назарраси хешро гузошта истодаанд.

Олимони физиолог ва духтурон таъкид мекунанд, ки инсон метавонад аз лаҳзаҳои тавлид шуданаш  100 сол бидуни беморӣ зиндагӣ намояд. Дар ҳуҷҷати стратегии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ “Саломатӣ барои ҳама дар садсолаи 21-ум” ба масъалаҳои сафарбар намудани ҷомеаҳо ба мустаҳкам намудани саломатӣ тавассути ба одамон ва ҷамъиятҳо фароҳам овардани имконияти баланд бардоштани назорати омилҳои мустаҳкамкунандаи саломатӣ диққати махсус дода мешавад. Вобаста ба муҳимияти масъала, дар сиёсати имрӯзаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим бо иштироки ҷомеаҳо дар ҳалли масъалаҳои бахши тандурустӣ аҳамияти муҳим дода мешавад. Танҳо тавассути сафарбар намудани саъю кӯшиши бахшҳои гуногун ва ҷомеаҳо тарзи ҳаёти солимро таъмин ва барои саломатӣ муҳити мусоидро фароҳам овардан мумкин аст.

Тарзи нодурусти зиндагӣ ва камҳаракатӣ дар аксар кишварҳои ҷаҳон сабаби зиёд шудани ҳолатҳои гирифторӣ ба бемориҳои дилу рагҳои хунгарди инсонҳо гардидааст, ки мутаассифона, Тоҷикистон низ аз ин ҳисоб истисно нест.

Солҳои охир дар тамоми дунё яке аз сабабҳои асосии ба марг ва маъюбият гирифтор шудани одамонро мутахассисони соҳа дар афзоиши шумораи гирифторони бемории cактаи дил арзёбӣ медонанд. Ин беморӣ ҳар сол беш аз 17 миллион одамонро дар сайёраи замин аз байн мебарад. Сабабҳои асосии ин беморӣ- баландшавии фишори хун, болоравии холестерин ва глюкоза дар хун, диабети қанд, сигор кашидан,  вазни зиёд, камҳаракатӣ ва истеъмол накардани ғизои солим мебошад.

Тадқиқотҳои илмӣ исбот намудаанд, ки пайдоиши бемориҳои мазкур ба тангшавӣ ва тамоман банд шудани роҳҳои хун дар рагҳои хунгузар   вобаста мебошнад. Вақте ҳаҷми рагҳо то 70% танг мешавад, норасоии энергияву хун ба мушоҳида мерасад. Ин омил боиси халалдор шудани  меъёри талаботи ҷисм ба оксиген ва миқдори дастраснамоии он ба мушакҳои дил мегардад. Норасоии кислород дар бофтаҳо гипоксия ном дорад, ки дар илми тиб ин равандро ишемия меноманд.  Бемории инфаркт дар натиҷаи қатъ гардидан ва ё вайроншавии гардиши хун ба амал меояд. Бо мақсади пешгирӣ ва огоҳӣ аз хатари ин беморӣ соли 1999 бо ибтикори Федератсияи байналмилалии дил Рӯзи байналмилалии дил  ташкил гардида буд, ки ин иқдомро Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва ЮНЕСКО дастгирӣ намуданд. Солҳои аввал он рӯзи якшанбеи охири моҳи сентябр таҷлил мегашт. Аз соли 2011 инҷониб ин рӯзро  29  сентябр баргузор менамоянд.

Фаъолияти иҷтимоии инсон аз оқилона ба роҳ мондани фаъолияти корӣ ва истироҳати фаъол дар реҷаи рӯз, дуруст ташкил намудани фароғати фарҳангӣ, ҳаракати фаъоли муносиб, гигиенаи шахсӣ, истифодаи қувваҳои шифобахши табиат (офтоб, ҳаво, об), хурду хӯроки дуруст, ҳолати сиҳатии психологӣ дар оила, фаъолияти меҳнатӣ ва таълимӣ дар коллектив ва ғайра иборат мебошад. Ҳамаи ин амалҳо бо ҳамдигар вобаста буда, ба омилҳои тарзи ҳаёти солим дохил мешаванд.

Бояд гуфт, ки пайваста фаъолияти мунтазам накардан ба ҳолатҳои ногувор оварда мерасонад. Ин раванд мушакҳои дилро суст карда, ҳолатҳои фарбеҳшавиро дар шахс ба амал меоварад ва дар натиҷа тонуси мушакҳо, кори  фикрронӣ ва ҷисмонӣ паст  шуда, эҳтимолияти сар задани бемориҳои асаб, дилу рагҳо, вайроншавии мубодилаи ғизо ба миён меояд. Зарари гиподинамияро бештар дар шахсоне, ки дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд, мушоҳида кардан мумкин аст, зеро  дар онҳо ҳаракати пиёдагардӣ хеле кам ба мушоҳида мерасад. Мутаассифона, имрӯзҳо аксари одамон хеле камҳаракат шудаанд, яъне пиёда намегарданд…Яъне, дар баробари тамоми рӯз дар утоқи корӣ нишастан, ҳамзамон субҳ ва бегоҳӣ пас аз кор ба ҷои як андоза пиёда гаштан, аз нақлиётҳои шахсӣ ва ҷамъиятӣ истифода менамоянд, ки ин омил албатта, ба саломатӣ зиён дорад. Бо чунин тарзи зиндагӣ мо ба мушакҳоямон имконият медиҳем, то онҳо муддати дароз беҳаракат ва суст бошанд, ки  дар натиҷа руҳу асаб муддати дароз фишор мебинанд.

Олимон муайян кардаанд, ки меъёри фаъолияти ҳаракаткунии    наврасон 18-сола  25000 қадам дар давоми рӯз, ё 3,4,5 соат давидан  мебошад. Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино  дар бораи  ҳаракати барзиёд, ҳаракати шадид,  оромии  зиёд, ҳаракати баъди  истифроғ ва  ҳаракати баъди таъом тавсияҳои муфиде пешниҳод намудааст, ки на танҳо барои варзишгарон, балкӣ ҳар як шахс метавонад барои барқарор намудани саломатии хеш аз онҳо   истифода намояд. Ба ин маънӣ  Абӯалӣ ибни Сино  дар асари барҷастаи хеш “Қонуни  тиб” оид ба истеъмоли ғизо дар фаслҳои сол, кам мондани ғизо дар меъда, андозаи ғизо ва миқдори таъом тартиби муайянеро пешниҳод  намуда, ҳамзамон дар он чунин гуфтааст: “Варзиш гармии модарзодиро болиш диҳад пайвандҳоро сахт кунад бар корҳо тавоноӣ бахшад ва аз мутаассир шудан нигоҳ дорад.” Ҳамзамон, ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ дар  байни аҳолӣ аз ҷониби Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино низ бо истифодаи гиёҳҳои гуногун ва хонанишинӣ (карантин) кардани одамон, беҳдошти муҳити зист, дурӣ ҷӯстан аз ҷамъомадҳо, риоя кардани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва дигар усулҳои табобатӣ пешбинӣ карда шудааст.

Барои аз чунин мушкили баромадан моро зарур аст, ки бештар ҳаракат кунему ба  машқҳои ҷисмони машғул шавем. Бояд қайд кард, ки агар шахс машқҳои ҷисмониро дар табиат ба ҷо оварад, таъсири мусбии он ба организм зиёдтар мешавад.  Зеро омилҳои гигиении табиат (офтоб, ҳаво, об) беҳтарин воситаи обутоб ва  пешгирии бемориҳо мебошанд. Ҳамзамон, дар ҷойҳое, ки  ҳаво сард аст, яъне дар он ҷо ҳарорати хунукӣ мушоҳида мегардад, ба машқи ҷисмонӣ машғул шудан аз аҳамият холӣ нест. Зеро хунуки таъсири хубе ба системаи асаб, дилу рагҳо ва озодона нафас гирифтанро дошта, инчунин мубодилаи ғизоро беҳтар карда, кори узвҳои таносулро дар сатҳи баланд ба танзим медарорад.

Дар ин росто, қайд кардан ба маврид аст, ки омилҳое ҳастанд, ки метавонанд таҳти назорат бошанд  ва пешгирӣ шаванд. Аз ҷумлаи чунин амалҳо носкашӣ ва тамокукашӣ мебошанд, ки бояд фавран аз он даст кашид. Инчунин,  шахсе, ки  мубталои фишорбаландӣ мебошад,  бояд фишори худро дар сатҳи  меъёр нигоҳ дорад (120/80), аз вазъи боду ҳаво воқиф бошад. Зеро гармои шадид ва туфони магнитӣ сабаби баландшавии фишор мешаванд. Ҳамчунин вазни худро дар сатҳи меъёр нигоҳ доштан  ва бештар ҳаракат кардану аз ғизои серчарб даст кашидан, барои ҳар шахс ҳатмист. Инчунин, гирифторони бемориҳои дилро зарур аст, ки ба ғизои ҳаррӯзаи худ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва барои истеъмол хӯрокҳоеро интихоб намоянд, ки дар таркибашон холестерини кам доранд. Ба онҳое, ки дар таркиби хунашон холестерин аз меъёр зиёд аст, лозим нест, ки якбора аз баҳри ҳама хӯроки дӯстдоштаашон бароянд. Дар ин ҳолат танҳо меъёрро бояд риоя кард. Набояд фаромӯш кард, ки бемориҳои дил гузаранда ва оддӣ нестанд ва бо онҳо хунукназарона муносибат кардан дуруст нест. Яке аз роҳҳои асосии дучор нашудан ба  чунин бемориҳо- ин риояи тарзи ҳаёти солим ва гӯш додан ба маслиҳати табибон ва аз рӯи онҳо амал намудан аст.

 

 

 

 

 

 

 

С.А.Таибов, сардори шуъбаи иттилоот ва робита

бо ҷомеаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 42
  • 437
  • 1,242
  • 949,457