“Шаҳраки Ҳисорро намунаи олии хизматрасонии тиббӣ менамоем”

“Шаҳраки Ҳисорро намунаи олии хизматрасонии тиббӣ менамоем”
Январ 24
14:44 2023

Аз 19 то 21 – уми январи соли 2023 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар Маркази саломатии шаҳри Ҳисор зери шиори “шаҳраки Ҳисорро намунаи олии хизматрасонии тиббӣ менамоем” маъракаи сифатноки гардиши ҳавлигӣ гузаронида  шуд. Дар ин чорабинӣ кормандони Маркази саломатӣ, марказҳои саломатии деҳот, беморхонаи марказӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, маркази бемориҳои ВМНО, маркази пешгирии бемориҳои сил ва маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона иштирок намуданд.

Бо мақсади амалӣ намудани чорабинии мазкур аз ҷониби маъмурияти Маркази саломатии шаҳри мазкур  зиёда аз 30 бригадаи корӣ ташкил  гардида, дар шаҳраки Ҳисор ба гардиши ҳавлигӣ сафарбар шуданд. Вазифаи  бригадаҳо аз фаро гирифтани аҳолӣ бо ваксинатсияи зидди COVID-19, ваксинатсияи нақшавии кӯдакон, пайдо намудани беморони гуногун, бақайдгирии саривақтии занҳои ҳомиладор,  шиносоӣ бо вазъи саломатии маъюбон ва гузаронидани машваратҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум иборат мебошад.


Бояд гуфт, ки ин ин иқдом фарогирии аҳолиро бо хизматрасонии тиббӣ – санитарӣ хубтар намуда, ҳамоҳангии муносибати мардумро бо муассисаҳои тиббиву санитарӣ беҳтар менамояд.
Ба талаботи  муосири хизматрасонии тиббӣ мувофиқ намудани фаъолияти муассисаҳои тиббиву санитарии шаҳри Ҳисор сабаби солим нигоҳ доштани сатҳи саломатии мардум гашта, дар ин замина истеҳсолоти моддӣ  ва эҷодиёти интеллектулии сокинони шаҳр баланд хоҳад гашт.
Ба ғайр аз ин, муоширати бевоситаи кормандони тиб ва аҳолӣ сабаби баланд шудани маърифатнокии тиббии мардум шуда, дар гирифтани хизматҳои тиббӣ фаъол мешаванд ва масъулиятро дар нигоҳ доштани солимии худ ва наздиконашон ба даст мегиранд.


Дар шароити ҳозира муассисаҳои тиббиву санитарии шаҳри Ҳисор имконияти зиёди гузаронидани муоинаҳо, ташхис, табобат, тавонбахшӣ (реабилитатсия), пешгирии бемориҳо ва назорати тиббии беморонро доранд. Базаи моддӣ – техникӣ дар муассисаҳои тиббӣ муҳайё аст. Барои ҳамин, аксари сокинони шаҳри Ҳисорро зарурати ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба шаҳри Душанбе барои ташхису муоина  ва табобату солимгардонӣ рафтан лозим намеояд. Ҳамаи ин амалиётҳои тиббӣ дар муассисаҳои ҳудуди шаҳри Ҳисор гузаронида мешаванд.


Пӯшида нест, ки яке аз камбудиҳои муассисаҳои тиббӣ-ин дуру дароз дар навбат истодани ниёзмандон пушти дари мутахассис мебошад. Пас аз таҳлилҳо мо ҳалли ин мушкилотро низ ёфтем. Барои аз байн бурдани он, беморонро лозим меояд, ки ба рақами табиб занг зада ё навишта, соати қабулро муайян намоянд ва дар ҳамон соату дақиқаи муайяншуда аз тарафи мутахассис қабул карда шаванд.


Дар амалӣ шудани ин  чорабинии муҳим манфиати зиёде ба мардум на танҳо аз тарафи нигоҳдории тандурустӣ,  балки аз лиҳози иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ мерасад.
Кормандони муассисаҳои тибби шаҳри Ҳисор дар баробари дигар ҳамкасбони худ аз дигар гӯшаву канори Ватан баҳри амалӣ намудани барномаҳои солимӣ неруи худро дареғ надошта, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки вазифаҳои худро пурра иҷро намоянд ва дар нигоҳдории тандурустии мардум саҳми арзанда дошта бошанд.

Умедворем, ки аҳли зиё ва масъулони шаҳри Ҳисор, аз ҷумла касоне, ки дар солим будани наздикони худ бетараф нестанд, дар чорабинии  кормандони муассисаҳои тиббии шаҳри Ҳисор фаъолона иштирок намуда, мардумро ба ҳамкорӣ бо табибон даъват мекунанд.

Роҳбари шабакаи муассисаҳои  КАТС-и шаҳри Ҳисор Маҳмуд Кабир

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 27
  • 773
  • 1,242
  • 949,793