Иштироки ҳайати расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорумин Саммити глобалии вазоратҳо дар мавзӯи “Бехатарии бемор”

Иштироки ҳайати расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорумин Саммити глобалии вазоратҳо дар мавзӯи “Бехатарии бемор”
Март 05
02:17 2019

1-3 марти соли 2019 дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳайати расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорумин Саммити глобалии вазоратҳо дар мавзӯи “Бехатарии бемор” ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ кард. Дар ҳамоиши сатҳи баланд вазирони тандурустӣ, роҳбарони ҳайатҳои расмӣ аз 49 давлати Африқо, Осиё, Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷопон, давлатҳои минтақаи Уқёнуси Ором, Австралия ва дигарон иштирок намуданд.

Дар доираи барномаи Саммит масъалаҳои мубрами хизматрасонии тиббию иҷтимоии беморон дар зери шиори “Бехатарии бемор” мавриди баррасӣ қарор гирифта, мӯҳтавои онҳо асосан таъмини беморон бо хизматрасонии саривақтӣ ва босифат, амнияти санитарию эпидемиологӣ, кӯмаки фарогири ҳамаҷонибаи тандурустӣ, ёрии таъҷилии дастрас барои тамоми қишри ҷомеаро дарбар гирифт.

Дар ҳошияи иштироки ҳайати кишвари Тоҷикистон дар ин чорабинии бонуфуз аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода як қатор вохӯриҳои расмӣ анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, 2 марти соли равон вохӯрии расмии вазир Насим Олимзода бо вазири тандурустии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷаноби Тавфиқ Ал-Рабиъа доир гардид.

Дар он масъалаҳои ҳамкории байни вазоратҳо дар мавзӯи хизматрасонии тиббии муосир, беҳтаргардонии дастрасии беморон ба ёрии аввалияи тиббию санитарии самаранок ва бетаъхир муҳокима гардиданд. Аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода барои дастгирии Вазорати тандурустии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар самти ташкил ва анҷом додани як қатор ҷарроҳиҳои мураккаби нуқсонҳои модарзодии дил миннатдорӣ баён намуда, ҳамзамон қайд карда шуд, ки масъалаҳои дар чорумин Саммити глобалии вазоратҳо баррасишаванда бо афзалиятҳои стратегияи ҳозираи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамрадиф буда, барои идомаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ заминаи хуб фароҳам меоваранд. Аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода оид ба тақвият бахшидани ҳамкорӣ ва ёрии хайриявӣ барои муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла сохтмони бемористонҳои дорои таҷҳизоти муосир, рушди инфрасохтори кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, таъминот бо нақлиёти санитарӣ ва ёрии таъҷилии тиббӣ дархост изҳор гардида, барои ташрифи вазири тандурустии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷаноби Тавфиқ Ал Рабиъа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд. Вазири тандурустии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷаноби Тавфиқ Ал Рабиъа иқдомҳои ҷониби Тоҷикистонро бо миннатдорӣ пазируфта, даъвати ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ташриф ба кишвари мо бо изҳори қаноатмандӣ қабул намуд.

Худи ҳамон рӯз бо Котиби генералии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҷаноби Тедрос Гебрейесус Адҳаном мулоқоти расмии ҳайати Тоҷикистон анҷом дода шуд. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода барои дастгирии доимӣ ва ҳамкории судманд ба роҳбарияти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ҳамзамон ёдовар гардид, ки дар моҳи октябри соли равон бо ташаббуси роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва дигар шарикон оид ба рушд Форуми сатҳи баланд вобаста ба масъалаҳои тавонбахшии маъюбон баргузор хоҳад шуд. Изҳори итминони комил оид ба иштироки бевоситаи ҷаноби Тедрос Гебрейесус Адҳаном дар ин чорабинии хеле муҳим баён карда шуд. Дар навбати худ Котиби генералии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҷаноби Тедрос Гебрейесус Адҳаном моҳияти муҳими ҳамкории ин созмони бонуфузро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуда, ба иқдому ташаббусҳои Роҳбари Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи солимии аҳолӣ баҳои баланд дод.

Мавриди зикр аст, ки Саммити глобалии вазоратҳо барои ҷониби Тоҷикистон заминаи мусоидро ҷиҳати мусоҳибаҳои тарафайн бо вазирони тандурустии ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ, роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои Швейтсария, Нидерландия, Ҷопон фароҳам овард.

Бояд қайд кард, ки дар ҳошияи расмиёти ҳамоиши мазкур тибқи тартиби муқарраргардида вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода бо вазири тандурустии Шоҳигарии Қувайт ҷаноби Басил Ал-Сабаҳ вохӯрии нахустини расмӣ анҷом дода, барои рушди ҳамкорӣ ва дастгирии пайваста изҳори сипос кард.

Дар ин ҷода вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи ҷаноби Басил Ал-Сабаҳро барои идомаи ҳамкорӣ дар самти дастрасии хизматрасонии тиббию иҷтимоии босифат ва саривақтӣ, таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ, ёрии аввалияи тиббии дастрас, хусусан ба маъюбон ва шахсони имконияташон маҳдуд, ки самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд, ҷалб намуд. Бо истифода аз фурсати муносиб вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ҷаноби Басил Ал-Сабаҳро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуда, барои шиносоии бевоситаи ӯ бо вазъи кунунии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла дастовардҳо ва мушкилотҳои хизматрасонии тиббӣ, инчунин, гузаронидани ҷарроҳиҳои нуқсонҳои модарзодӣ, аз ҷумла бемориҳои гӯшу гулӯю бинӣ пешниҳодҳо кард. Ҷаноби Басил Ал-Сабаҳ бо изҳори қаноатмандӣ даъвати вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзодаро пазируфт.

Дар поёни ин чорабинии байналмилалии воломақом Эъломияи чорумин Саммити глобалии вазоратҳо дар Ҷидда бахшида ба бехатарии беморон қабул гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 347
  • 1,242
  • 949,367