Табибони вилояти Хатлон дар Ҷопон таҷриба омӯхтанд

Табибони вилояти Хатлон дар Ҷопон таҷриба омӯхтанд
Март 20
12:30 2019

Таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ҷаласаи корӣ оид ба натиҷагирӣ аз давраи омӯзишии мутахассисони вилояти Хатлон дар кишвари Ҷопон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур Ёошоико Акияма, роҳбари Лоиҳаи JICA (дар мувофиқа), намояндаи идораи JICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кем Инове, сартабибони беморхонаҳои ноҳияҳои Балҷувон, Муъминобод, Левакант, Норак, Ховалинг, Кӯшониён, сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон З. Набиев ва мутахассисону ёварони Лоиҳаи JICA дар Тоҷикистон иштирок намуданд.
Саида Умарзода зимни баромади хеш аз ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари Ҷопон ёдовар шуда, қайд намуд, ки хушбахтона, сол то сол ҳамкории ин ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ривоҷ ёфта истодааст.
Қобили зикр аст, ки аз 11 то 23 ноябри соли 2018 як гурӯҳ мутахассисони соҳаи тиб аз вилояти Хатлон тибқи нақшаи Лоиҳаи беҳтаргардонии ҳифзи саломатии модару кӯдак дар вилояти Хатлон-марҳилаи дуюм ба кишвари Ҷопон сафар намуданд.
Мақсади сафари мутахассисон ба кишвари Ҷопон аз худ намудани таҷрибаи клиникии кумак дар ҳолатҳои фавқулодда дар соҳаи момодоягӣ, реанематсияи навзодон дар Ҷопон ва бо ин васила баланд бардоштани иқтидори шӯъбаҳои таваллуд дар беморхонаҳои марказии ноҳияҳои вилояти Хатлон, омӯхтани фаъолияти ҳифзи саломатии модару кӯдак тавассути гузариш ба низоми ҳифзи саломатии модару кӯдак дар кишвари Ҷопон, иштирок намудан дар нақша-чорабиниҳои омӯзишӣ, тренингҳо ва инъикоси он дар соҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак дар кишвар мебошад.
Дар ҷараёни сафари худ ба кишвари Ҷопон мутахассисони тоҷик аз марказҳои саломатии модару кӯдак дидан намуда, бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуданд.
Қайд карда шуд, ки имрӯз соҳаи тиб дар давлати Ҷопон хеле пеш рафта, қобили бозомӯзӣ мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз 99,8% таваллуд дар ин кишвар дар муассисаҳои тиббӣ сурат мегирад, ки ин худ далели рушд ва пешрафти соҳаи тандурустӣ дар Ҷопон ба шумор меравад.
Бино ба иттилои иштирокчиёни давраи омӯзиш дар муссисаҳои саломатии модару кӯдак дар Ҷопон барои занҳои ҳомила дарсҳои махсус гузаронида шуда, инчунин ба онҳо китобчаи модару кӯдак тақдим карда мешавад. Гуфта шуд, ки сол то сол дар кишвари Ҷопон сатҳи таваллуд коҳиш ёфта, соли 2017 960 000 ҳазор таваллуд ба қайд гирифта шудааст.
Қайд гардид, ки мошини ёрии таъҷилии муассисаҳои саломатии модару кӯдак дар ин кишвар бо тамоми таҷҳизоти аввалиндараҷа, ба монанди ташхиси ултрасадо, сабти таппиши дил, кювез, монитор, доплер, оксигенератор, мизи реаниматсионӣ, доруворӣ ва ғайра таъмин гардида, агар бемор дар ҳолати вазнин ва дар масофаи дур ҷойгир бошад, барои интиқоли он ба беморхона аз чархбол истифода бурда мешавад. Бинобар ин дар болои боми тамоми муассисаҳои саломатии модару кӯдак дар Ҷопон ҷойи нишасти чархбол ба нақша гирифта шудааст.
Қобили зикр аст, ки минбаъд низ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи JICA мутахассисони соҳаи тибро барои бозомӯзӣ ба кишвари Ҷопон сафарбар хоҳад намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 583
  • 1,242
  • 949,603