Вохурӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Исломии Эрон

25-уми октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо як гурӯҳ мутахассисони варзидаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Шокуҳ Шаян Пур, нефрологи калонсолони Донишгоҳи тиббии Ҷундишапури шаҳри Аҳваз, Алӣ Имадзаде, нефрологи калонсолони Донишгоҳи тиббии Машҳад Озоди шаҳри Машҳад, Маҳбуба Ҷафарисароӣ, нефрологи кӯдакони Донишгоҳи тиббии Мозандагон ва Заҳро Пурнасирӣ, нефрологи кӯдакони Донишгоҳи тиббӣ ба номи Шаҳид Беҳештии шаҳри Теҳрони ин кишвар вохурӣ намуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат нахуст  меҳмононро ба бинои вазорат хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ёдовар шуд.

Дар  навбати худ меҳмонон доир ба таассуроти хеш аз сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид аз рафти хизматрасонии тиббии Маҷмааи тандурусти “Истиқлол” ва Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш”, натиҷаи даврҳои омӯзишие, ки барои табибони кишвар гузарониданд, ибрози андеша карданд.

Дар идомаи вохурӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо, ба роҳ мондани усулҳои нави ташхису табобат ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Анҷумани нефрологҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон  аз ҷониби мутахассисони эронӣ аз 21 октябри соли равон даврҳои омӯзишии нефрологияи калонсолон ва кӯдакон барои мутахассисони нефрологияи калонсолон ва кӯдакони Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ва  Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” оғоз гардиданд, ки онҳо то 26 октябри соли равон идома меёбанд.

Дар доираи даврҳои омӯзишӣ мутахассисони эронӣ доир ба роҳу усулҳои нави ташхису табобати бемориҳои нефрологӣ, дастоварду муваффақиятҳои соҳаи тибби кишвари хеш дар ин самт бо табибони тоҷик мубодилаи маълумот карданд.

Ҳамзамон мутахассисони эронӣ дар муассисаҳои тандурустии болозикр аз рафти табобати  гирифторони бемориҳои нефрологӣ низ дидан ба амал оварданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мизи мудаввар доир шуд

Паёми табрикотии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Озмуни байналмиллали эҷодӣ оид ба эссе, видеосюжетҳо, аксҳо ва расмҳо таҳти унвони «Ҳуқуқ ба саломатӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ баргузор гардид (АКС)

Омӯзиши раванди фаъолияти Комиссияи ҷумҳуриявии фавқулоддаи зиддиэпидемиявӣ

Вохурӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Исломии Эрон

Search
汽水音乐易歪歪HelloGPT易歪歪单机版沙盘telegram易翻译比特浏览器mumu模拟器