«Илм ва таҳсилоти тиббӣ – аз анъана ба инноватсияҳо»

Санаи 11-уми октябри соли равон дар Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  конференсияи ХХХ-юми солонаи илмӣ-амалии  донишкадаи мазкур дар мавзӯи «Илм ва таҳсилоти тиббӣ – аз анъана ба инноватсияҳо» баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, роҳбарияти донишкада, доираи васеи олимони ватанӣ ва коршиносони давлатҳои бурунмарзӣ иштирок намуданд.

Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат нахуст меҳмононро ба Тоҷикистони азиз хайрамайқдам гуфт.

Зикр гардид, ки ҳар сол конференсияи илмӣ – амалии донишкада баргузор гардида, дар муддати сӣ сол ташкили ин чорабинии муҳим ба ҳукми анъанаи хуби соҳаи тандурустии кишвар муқаррар шудааст. Басо рамзнок аст, ки мавзӯи конференсияи сиюмини донишкада низ ин равандро таҷассум карда, мисли анъана имсол ҳам форуми мазкур дар ҳошияи силсилаи чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ дар фазои хайрхоҳиву дӯстона ва муҳити фараҳбахши ҷашнвораҳои муҳими давлатии Тоҷикистон баргузор шуда истодааст.

Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба самтҳои афзалиятноки ҳифзи солимии миллат, рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи тандурустии кишвар диққати махсус дода, таъмини хизматрасонии босифат ва натиҷабахши аҳолии ҷумҳуриро тавассути баланд бардоштани касбият ва савияи дониши табибон ва татбиқи ихтирооту технологияҳои навин дар амалияи тиб дар мадди аввали назари худ нигоҳ медорад. Дар ин ҷода маҳз бо раҳнамоӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ корҳои зиёде дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла таҳсилоти олӣ ва миёнаи тиббии кишвар анҷом дода шудаанд.

Инчунин, дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули воқеии системаи таҳсилоти олию миёнаи тиббӣ, аз ҷумла таҳсилоти баъдидипломӣ ба амал омада, тавассути сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату ҳукумат ҳамчун самти афзалиятнок оид ба рушди захираҳои кадрии тандурустӣ ба бунёди системаи муосири омӯзиши потенсиали кадрии соҳа  ҳусни нав бахшида, ба инкишофи муассисаҳои таҳсилоти то-  ва баъдипломӣ такони ҷиддӣ дода шуд.

Олимони донишкадаи мазкур бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар доираи ҳамкориҳо бо марказҳо ва беморхонаҳои ҷумҳуриявии клиникӣ дар бунёди системаи дараҷаи олӣ ва бисёрсоҳаи таҳсилоти баъдидипломӣ, аз ҷумла дар самти ҷарроҳиҳои муосир, ташхису табобати бемориҳои калонсолону кӯдакона, инчунин, рушди тандурустии ҷамъиятӣ  саҳми назаррас гузошта, пайваста илмиву таҳқиқотиро анҷом дода истодаанд. Танҳо дар даҳсолаи охир зиёда аз 400 адад усулҳои нави ташхису табобат бо истифода аз технологияҳои муосир, 127 ихтироотҳо ва таклифҳои ратсионализаторӣ пешкаши беморону ниёзмандон карда шуданд.

Дар идомаи конфронс як қатор олимони дохиливу хориҷӣ низ бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад карданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои Шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказиро мавриди истифода қарор доданд

Дар Хуҷанд Маркази нави ташхисию табобатии “Насли солим” ифтитоҳ гардид

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Берлин: Ҳамкории Тоҷикистон ва ТУТ баррасӣ гашт

Суғд: семинари омӯзишӣ оид ба пешгирии бемории обилаи маймун

Ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи “Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”

Search