Аз рафти иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилояти Хатлон натиҷагирӣ карда шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Хатлон” ҷаласаи  навбатии директорони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  оид ба амалишавии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” гузаронида шуд.

Дар кори ҷаласа роҳбарияти Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”, Раёсати тандурустии вилояти мазкур ва директорони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”, ҳисоботи директорони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, дастовард, мушкилот ва роҳи ҳалли онҳо дар иҷроиши “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”, натиҷаи мониторинг ва арзёбӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки тибқи супориши бевоситаи Роҳбари давлат “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021 таҳти  №566 тасдиқ шудааст. 

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшиш ва талоши хешро баҳри коҳиш додани бемориҳои сироятӣ дар кишвар равона сохтааст.

 Ҳамин тавр, омўзиши ҳисоботи оморӣ ва таҳлили вазъ дар маҳалҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки бинобар чораву тадбирҳои амалишуда сатҳи  паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар кишвар давоми солҳои охир коҳиш ёфта истодааст.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд

“Тоҷикона мепӯшем”-бо иштироки бонувони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Ҷамолиддин Абдуллозода бо мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге вохурӣ намуд

СИЛ: Донистани ҳуқуқҳои худ ба манфиати бемор аст

Аз рафти иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилояти Хатлон натиҷагирӣ карда шуд

Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон баррасӣ гашт

Search