Боздиди Абдухолиқ Амирзода аз беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо кардан бо вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ, таҳлилу баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, суҳбат бо беморон ва наздикону пайвандони онҳо ва дар ин замина бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода аз беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода дидан ба амал овард.

Дар беморхонаҳои мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода аз рафти хизматрасонии тиббии онҳо дидан ба амал оварда, инчунин бо ҷараёни табобати як қатор беморон низ шинос шуд.

Аснои суҳбат бо беморон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир ба дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи тандурустӣ, фароҳам овардани шароиту имконоти мусоид дар муассисаҳои  мазкур баҳри ташхису табобати беморон суҳбат намуда, аз онҳо доир ба сатҳу  сифати хизматрасонии тиббӣ пурсон шуд.

Ҳамзамон Абдухолиқ Амирзода бо роҳбарияти беморхонаҳои мазкур доир ба ҷараёни омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, аз ҷумла захира кардани маводи сӯзишворӣ ва хӯрока, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ,  боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, пешгирии фавти модару кӯдак ва дигар масъалаҳои муҳими соҳаро мавриди баррасӣ қарор дод.

Ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ва боз ҳам  беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандон Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба масъулини беморхонаҳои мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search