Барои беморони саратони ғадуди зери меъда аввалин маротиба дар кишвар ба воситаи таҷҳизоти видеоэндоскопӣ ҷарроҳӣ гузаронида шуд

Ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхису табобат яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, давоми солҳои охир табибони мамлакат бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти лавозимоти муосир нодиртарин ҷарроҳиҳои мураккабро дар кишвар анҷом медиҳанд.

Табибони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар арафаи таҷлили 30-солагии рӯзи қабули Конститсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба як дастоварди нодир дар самти табобати бемориҳои саратон шарафёб гаштанд.

Дар муассисаи мазкур аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ мураккабтарин буриши ғадуди зери меъда барои беморони гирифтори саратони ғадуди зери меъда бо истифода аз технологияи муосир, яъне таҷҳизоти замонавии видеоэндоскопӣ гузаронида шуд.

Ба гуфти Акбар Муродзода, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” бартарии ин усул аз усули анъанавӣ, яъне ба таври кушода, ки қаблан анҷом дода мешуд, дар он он аст, ки ин усул ба бемор кам осеб дода, имконияти тезтар барқарор шудан баъди ҳолати ҷарроҳиро медиҳад.

Бемор Аминов Хайриддин, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Нуробод пас аз ду рузи ҷарроҳӣ ҳолаташ хуб буда, иброз дошт, ки худро беҳтар ҳис мекунад ва аллакай озодона роҳ гашта метавонад.

Қобили зикр аст, ки мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншинсоӣ барои анҷом додани ингуна амалиётҳои мураккаби ҷарроҳӣ дар кишварҳои хориҷӣ аз курсҳои бозомӯзӣ ва даврҳои омӯзишӣ гузашта, донишу таҷрибаи худро баланд бардоштаанд.

Дар амал ҷорӣ намудани боз як усули мураккаби ҷарроҳӣ дар соҳаи саратоншиносӣ як қадами устувори дигари мутахассисони ин соҳаи мамлакат дар самти  ба талаботи  замон ба роҳ мондани ташхису табобат ба шумор меравад.

Дар маҷмӯъ, имрузҳо дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншинсоӣ тамоми шароиту имконоти муосид баҳри ташхису табобати беморон фароҳам оварда  шудааст, ки ин ҳама аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи тандурустӣ дарак медиҳанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вобаста ба бозбинии Руйхати миллии доруҳои асосӣ мизи мудаввар доир гашт

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ва ҳайати ЮСАИД

Татбиқи босамари “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”  дар самти расонидани кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Душанбе

Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти таълими кафедраҳои Донишгоҳи тиббӣ ва Донишкадаи баъдидипломӣ шинос шуд

Search