Ӯзбекистон: иштироки мутахассисони тоҷик дар даври омӯзишӣ дар самти такмили ихтисоси менеҷмент ва идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ

Аз 25-уми ноябри соли равон дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати такмили ихтисоси менеҷмент,  идоракунӣ дар самти тандурустӣ, мустаҳкам намудани қувваи коргарӣ ва нигаҳдории тандурустӣ дар Осиёи Миёна даври омӯзишӣ оғоз гардид, ки он то 29-уми ноябри соли равон идома меёбад.

Даври омӯзишӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ гузаронида мешавад, ки дар он намояндагони соҳаи тандурустии як қатор давлатҳои олам иштирок  ва доир ба масъалаҳои алоқаманди соҳа мубодилаи афкор менамоянд.

Ҳадаф аз баргузории даври омӯзишӣ-баррасии масъалаҳои роҳбарӣ ва идоракунӣ дар робита бо захираҳои инсонӣ барои саломатӣ  ба шумор меравад, аз ҷумла таҳияи сиёсат ва стратегия, иттилоот ва коммуникатсия ва дар амал татбиқ намудани донишҳои навтаринро дарбар мегирад.

Иттилоъ дода шуд, ки барномаи таълимии даври омӯзишӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои ТУТ барои солҳои 2023-2030, инчунин мутобиқсозӣ ва мувофиқат бо ниёзҳо ва мушкилоти барои кишварҳои Осиёи Миёна алоқаманд дар соҳаи тандурустӣ  тартиб дода шудааст.

Инчунин дар рафти даври омӯзишӣ масъалаҳои гуногун, аз ҷумла мушкилоти мушаххаси минтақаи Осиёи Марказӣ дар соҳаи тандурустӣ,  баррасии далелҳо ва омилҳои марбут ба муҳоҷирати кормандони соҳаи тиб дар Осиёи Марказӣ, баланд бардоштани фаҳмиши Кодекси глобалии ТУТ ва татбиқи он дар амал ва ғайраҳо баррасӣ мегарданд.

Қобили зикр аст, ки дар даври омӯзишӣ роҳбарони як қатор муассисаҳои зерсохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок доранд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи cолонаи соли чоруми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-4) доир гашт

Дар як қатор таваллудхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд системаи электронии сабти таваллуд ва фавт ҷорӣ мегардад

Дӯстии тоҷикону қирғизҳо: робитаҳои таърихӣ ва дурнамои ҳамкорӣ

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шамсободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маркази саломатиро мавриди истифода қарор доданд

Терроризм ва экстремизм-хабар барои имрӯз ва фардои ҷомеа

Хайрулло Иззатов: зиёда аз 90%-и инсултҳоро метавон пешгирӣ кард.

Search