Баррасии рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе

27-уми ноябри соли равон бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 28 феврали соли 2022 №91 тасдиқ гардидааст, ҳамзамон бо мақсади баррасии масъалаҳои ҳалталаб вобаста ба ташаккули тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи “Кангурт Гранд Ҳотел”-и шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он намояндаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, директори Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим” Зайнаб Анварова, роҳбарони муассисаҳои тиббию табобатии зерсохтори раёсат ва намояндагони як қатор сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Дар ин замина, қайд карда шуд,  ки Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим фаъолияти худро дар асоси Паёму супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе, қарору фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо сарраёсатҳою идораҳои масъул, фармоишҳо ва тибқи нақшаи солонаи тасдиқнамудаи Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе корро ба роҳ монда,  барои боз ҳам баланд бардоштани маърифати солимии аҳолӣ, тарғибу ташвиқи ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пешгирии бемориҳои гуногун дар байни сокинони пойтахти кишвар соли ҷорӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.

Дар идомаи ҷаласаи корӣ як қатор иштирокчиён доир ба иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе, ҳамкории муассисаҳои зерсохтори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар самти ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, нақши бахшу раёсатҳои дахлдори шаҳри Душанбе ҷиҳати баланд бардоштани иттилоотнокии қишрҳои гуногуни аҳолӣ вобаста ба тарзи ҳаёти солим баромад карданд.

Ҳамин тавр, дар ҷаласаи мазкур доир ба ташкил кардани ҳамоҳангсозӣ ва робитаи байнисоҳавӣ оид ба тарғибу ташфиқи ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пешгирии бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ, ки яке аз омилҳои муҳиму асосӣ дар беҳтар намудани саломатии аҳолии пойтахт ба шумор меравад, аз ҷониби иштирокчиён муҳокимаронӣ сурат гирифт.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба ғизои мактабӣ

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ

Ӯзбекистон: иштироки мутахассисони тоҷик дар даври омӯзишӣ дар самти такмили ихтисоси менеҷмент ва идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ

Мушкилоти номувофиқатӣ (ғунчоишнопазирӣ)-и таркибот (ингредиент)-ҳо дар шаклҳои доругӣ ва усулҳои бартараф кардани он дар амалияи фарматсевтӣ

Боздид аз рафти хизматрасонии тиббии Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода

Search