Ҳисор: Бо иштироки Ҷамолиддин Абдуллозода оиди таъмини солимии модару кӯдак ҷаласаи назоратӣ доир гашт

Имрӯз, 13-уми марти соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба Маркази саломатии шаҳрии Ҳисор ташриф овард.

Аснои боздид вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти хизматрасонии тиббии Маркази саломатии шаҳрии Ҳисор шинос гашта, аз ҷараёни фаъолияти шуъбаҳои он дидан кард.

Баъдан, дар маҷлисгоҳи маркази саломатии мазкур бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва ҳайати кормандони ин муассисаи тандурустӣ оид ба боз ҳам беҳтар кардани вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ҷаласаи назоратӣ доир гардид.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои пешгирии фавти модару кӯдак ва беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар ин самт ҷалб кард.

Дар ин замина, гуфта шуд, ки бо мақсади расонидани кумаки дастурию методӣ ҷиҳати пешгирии фавти модару кӯдак гурӯҳи корӣ дар шаҳри Ҳисор фаъолияти хешро оғоз намуда, бо кормандони муассисаҳои тандурустии шаҳр корбарӣ менамояд.

Дар ҷаласаи назоратӣ ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводу салоҳият ва малакаҳои касбии кормандон, хусусан кормандони миёнаи тиб тариқи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ ва амалӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар байни кормандони тиб, анҷом додани гардишҳои сифатноки хонагӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

“Корвони саломатӣ” дар муассисаҳои тиббии вилояти Суғд

Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз як қатор муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд

Таҳияи Нақшаи чорабиниҳои лоиҳаи “Омодагӣ ва гузаронидани соли ҳифзи саломатии давлатҳои аъзои ИДМ ва қарорҳои Шӯрои сарварон дар соли 2026” баррасӣ гашт

Вохурӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Федеролии Олмон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Search