Ш.Шоҳин. Ба роҳ мондани усулҳои нави ҷарроҳӣ бо иштироки мутахассисони вазорат

Бахшида ба фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Беморхонаи марказии ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон шуъбаи эндовидеоҷарроҳӣ ба истифода дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи он раиси ноҳияи мазкур Зафар Гулзода, роҳбарият ва кормандони беморхонаи номбурда иштирок намуданд.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бори аввал ба беморхонаи мазкур дастгоҳи муосири эндовидеоҷарроҳӣ дастрас карда шуд, ки минбаъд мутахассисон бо истифода аз он метавонанд ҷарроҳиҳои гуногунро бо усули нав, яъне бе буриш ва бо сатҳу сифати баланд гузаронанд.

Зимни ифтитоҳи шуъбаи мазкур роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кормандони соҳаи тандурустии ноҳияро ба чунин дастовард шодбош намуда, ба фаъолияти кории минбаъдаи онҳо барору муваффақият таманно намуд.

Қобили зикр аст, ки тибқи супориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сафарбар гардида, давоми 10 рӯз якҷо бо табибони беморхонаи мазкур амалиётҳои ҷарроҳиро бо усули нав ва бо истифода аз дастгоҳи номбурда анҷом медиҳанд.

Бояд гуфт, ки аллакай аз ҷониби мутахассисони вазорат ва табибони беморхонаи мазкур 3 амалиёти ҷарроҳӣ дар самти гирифтани талха ва гирифтани рудаи кирмшакл бо истифода аз дастгоҳи эндовидеоҷарроҳӣ бо муваффақият гузаронида шуданд.

Тавре масъулин иттилоъ доданд, қаблан ингуна ҷарроҳиҳо дар Беморхонаи марказии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба таври анъанавӣ, яъне тариқи буриши кушода гузаронида мешуданд, ки ин ҳолат муҳлати бистарии беморонро зиёдтар мегардонид.

Акнун бо истифода аз дастгоҳи эндовидеоҷарроҳӣ ҷарроҳиҳо дар беморхонаи мазкур ба тариқи пушида, яъне бе буриши бадани бемор гузаронида мешаванд, ки ин ҳолат муҳлати бистарии беморонро дар беморхона хеле кам мекунад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ соли 2024 як нафар табиби ҷарроҳи Беморхонаи марказии ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон дар Беморхонаи клиникии ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе аз курси бозомӯзӣ гузашта буд ва акнун метавонад якҷо бо дигар табибони беморхона бо истифода аз дастгоҳи муосири эндовидеоҷарроҳӣ табобати беморонро анҷом диҳад.

Дар оянда роҳбарияти беморхона тасмим дорад, ки ҷарроҳии бемориҳои урологиро низ бо истифода аз дастгоҳи эндовидеоҷарроҳӣ ба роҳ монад.

Беморхонаи марказии ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон аз 6 шуъба иборат буда, дар баробари 61 ҳазор аҳолии ҳудуди ноҳия, ҳамзамон ба аҳолии ноҳияи Дарвози ВМКБ низ хизмати тиббӣ мерасонад.

Дар дурдасттарин ноҳияи мамлакат дастрас гардидани чунин дастгоҳи муосири тиббӣ бори дигар аз таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ дарак медиҳад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search