Ҳамкории Тоҷикистону Молдова дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ гашт

Дар Ҷумҳурии Молдова бо ташаббуси Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон чорабинии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои муҳоҷират байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари Молдова баргузор гашт.

Дар ин чорабинӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз намояндагони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ иштирок намуд.

Дар доираи чорабинии мазкур вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо вазири тандурустии Молдова Алла Немеренко доир гашт, ки дар он масъалаҳои дастрасии муҳоҷирон бо хизматрасонии тиббӣ, ёрии равонӣ ва дастгирии ин табақа, рақамикунони соҳаи тандурустӣ, омодасозии мутахассисони соҳа ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин чорабини сатҳи баланд иштирок дошт.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи озмоишгоҳи анатомӣ, физикӣ, биологӣ ва бинои маркази тестӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Search