Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии беморони гемофилия конфронси илмию оммавӣ доир гашт

17-уми апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии беморони гемофилия таҳти шиори “Занон ва духтарон низ аз хунравӣ азият мекашанд” конфронси илмию оммавӣ баргузор гардид, ки дар муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода, роҳбарияти як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе, роҳбарият ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии “Гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” иштирок намуданд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода конфронсро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки беморони гемофилия таҳти назорат ва ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

Тавре гуфта шуд, ҳадаф аз таҷлили ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти бемории гемофилия, дастгирии онҳо ва васеъ намудани имкониятҳо ҷиҳати беҳтар намудани кумакҳои тиббӣ ба гирифторони ин навъи беморӣ мебошад.

Зикр гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар 8 сол аст, ки дар Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии “Гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” фаъолият дошта, он 24 феврали соли 2017 дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст. Мақсад аз таъсиси ташкилоти мазкур ҳимояи ҳуқуқи беморони гемофилия, таъмини имкониятҳои баробар ба дигар шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти муолиҷа ва пешгирии ин беморӣ мебошад.

Дар конфронс зикр гардид, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба гирифторони бемории гемофилия таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва аз рӯи имконоти мавҷуда беморон ройгон бо «криопретсипитат» ва «плазма» таъмин мегарданд.

Ҳамзамон, дар конфронси мазкур Наҷиб Азизӣ, раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Раҳимов Бекназар, сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба бемориҳои хун, Фаришта Муҳаммаднабиева, табиби кӯдаконаи хун-гематологи «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш”» ва дигарон низ баромад намуданд.

Баъдан, дар тарабхонаи “Осмон”-и шаҳри Душанбе низ бахшида Рӯзи умумиҷаҳонии беморони гемофилия чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардид, ки дар он 200-нафар шахсони гирифтори бемории гемофилия иштирок намуданд.

Зимни чорабинии фарҳангӣ барои ҳамкориҳои судманд ва дастгириҳои соҳа аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони фаъол Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи мамлакат анҷомбахши чорабинии мазкур буд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пас аз таъмир ба истифода додани шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва таваллудхонаи Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор

Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд

Ифтитоҳи Маркази ташхису табобат дар назди беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаи фарматсия густариш меёбанд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои нави Маркази ташхисии «Тибби Ҳулбук»-ро ифтитоҳ намуданд

Аз фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар 9 моҳи соли 2025 натиҷагирӣ карда шуд

Search