“Шифобахш”. Ҷаласаи васеи фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии ВНМО бо иштироки зиёда аз 400 нафар кормандони тиб

Аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО” баъди гузаронидани арзёбӣ ва баҳодиҳии фаъолияти Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Шифобахш»” дар самти пешгирии вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ҷаласаи васеи фаҳмондадиҳӣ бо иштироки зиёда аз 400 нафар кормандони тибби муассисаи зикргардида гузаронида шуд.

Ҳангоми баргузории ҷаласа ба мавзӯъҳои вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), фарқияти ВНМО аз БПНМ, роҳҳои интиқол, давраи номуайянӣ, роҳҳои пешгирӣ, табобати зиддиретровирусӣ, барномаи интиқоли ВНМО аз модар ба кӯдак, пешгирии сироятшавӣ ба ВНМО баъди тамос дар ҷои кор, амалҳо ҳангоми рух додани ҳолатҳои садамавӣ, муошират ба шахсони ташхисшаванда ва шахсони бо ВНМО зиндагикунанда, табъиз, тамғагузорӣ вобаста ба ВНМО ва талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар самти ВНМО диққати махсус зоҳир гардид.

Ҳамин тавр, кормандони тиб дар рафти чорабинӣ фаъолона иштирок ва ба мутахассисон саволҳо пешниҳод намуда посухҳо гирифтанд.

Маврид ба зикри хос аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ дар кишвар 7 барнома ва нақшаҳои стратегӣ дар самти муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам қабул ва амалӣ карда шудаанд.

Махсусан, айни замон дар ин самт “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва нақшаи амалигардонии он, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021, №50 қабул гардидааст, мавриди иҷроиш қарор дорад.

Барномаи мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъоли намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдор, инчунин агентиҳои Созмони Милали Муттаҳид, ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои шахсони бо ВНМО зиндагикунанда, сохтори хусусӣ таҳия гардида, амалисозии он дар ҳамкории зич ба роҳ монда шудааст.

Барнома ва нақшаи амалигардонии он аз 6 самти афзалиятноки стратегӣ, аз ҷумла пешгирии ВНМО, ташхис оид ба ВНМО ва ҳамбастагӣ бо системаи пешниҳоди кӯмак, табобат ва расонидани кӯмак вобаста ба сирояти ВНМО, бехатарии хун ва назорати сироятҳо, таҳкими низоми тандурустӣ ва шароити мусоид иборат мебошад. Ҳар як самти афзалиятнок вазифаҳои мушаххас ва натиҷаҳои асосиро дошта, дар доираи иҷроиши онҳо чорабиниҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

“Корвони саломатӣ” дар муассисаҳои тиббии вилояти Суғд

Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз як қатор муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд

Таҳияи Нақшаи чорабиниҳои лоиҳаи “Омодагӣ ва гузаронидани соли ҳифзи саломатии давлатҳои аъзои ИДМ ва қарорҳои Шӯрои сарварон дар соли 2026” баррасӣ гашт

Вохурӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Федеролии Олмон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Search