Натиҷагирӣ аз фаъолияти Раёсати тандурустии вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли 2025

15-уми июли соли равон дар толори Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд фаъолияти Раёсати тандурустии вилояти Суғд ва зерсохторҳои он дар шашмоҳаи аввали соли 2025 натиҷагирӣ карда шуд, ки дар ҷаласаи корӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, муовини Раиси вилояти Суғд, сарпарасти соҳа Зайнура Азимӣ, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳабибулло Хайруллозода, роҳбарони муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳру ноҳияҳои вилоят, хадамотҳои назоратӣ ва дигар шахсони алоқаманд иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур ҳисоботи сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳабибулло Хайруллозода вобаста ба фаъолияти соҳаи тандурустии вилоят дар 6 моҳи соли 2025 шунида шуд.

Гуфта шуд, ки ҷомеаи меҳнатии муассисаҳои ҳифзи сиҳатии оммаи вилоят дар пешбурди соҳа, беҳдошти хизмати тиббӣ, баланд бардоштани сифати муолиҷа, дар амал татбиқ намудани усулҳои наву муосири муоина, ташхис ва табобати беморон, пешгирии бемориҳои мухталиф тадбирҳо андешида, баҳри таъмини иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд корҳои мушаххасро ба иҷро расонида истодаанд.

Дар идомаи ҷаласа муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода доир ба масъалаву мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи тандурустии вилоят суханронӣ намуд.

Дар ҷаласаи мазкур ҳамзамон як қатор масъалаҳои мубрами соҳа, аз ҷумла рақамикунонии соҳа, таъминоти кадрии муассисаҳо, аз ҷойҳои номутобиқ баровардани муассисаҳои тиббӣ, пурзӯр намудани корҳо дар самти солимии занони ҳомила, пешгирии фавти модару кӯдак, таҳлили фавти амбулаторӣ, раванди дурусти иммунизатсияи кӯдакон, назорати беморон, ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба пешгирии бемориҳои гуногун, иҷрои саривақтӣ ва босифати барномаҳои соҳавии амалкунанда ва ҳавасмандгардонии мутахассисион мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар охир аз ҷониби Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳлили дақиқи норасоиву мушкилоти соҳаи тандурустии вилоят ва ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ба масъулини Раёсати тандурустии вилояти Суғд ва муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилояти мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search