Ба роҳ мондани боз як амалиёти ҷарроҳии муосир дар Беморхонаи клиникавии №3-и шаҳри Хуҷанд

Дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ бо фароҳам гаштани шароиту имкониятҳои мусоид сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар мамлакат марҳила ба марҳила беҳтар гашта, бо ворид намудани усулҳои нави ҷарроҳӣ дастрасии мардум низ ба амалиётҳои муосири ташхису табобат имконпазир гашт.

Дар шуъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи клиникавии №1-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бори аввал дар ҳудуди ин вилоят гузаронидани боз як амалиёти ҷарроҳии муосир, яъне бартараф кардани чурраҳои қадкашак (паховые грыжи) бо усули “ТАРР” ба роҳ монда шуд. Лозим ба ёдоварист, ки давоми ду соли охир ин аллакай сеюмин усули ҷарроҳии муосир аст, ки дар шуъбаи мазкур роҳандозӣ мегардад.

Ба таъкиди табибони ҷарроҳи беморхонаи номбурда, усули “TAPP” (герниопластикаи трансабдоминалии прeперитонеалӣ)-як усули муосир ва самараноки муолиҷаи чурра мебошад, ки дар ҷарроҳӣ васеъ истифода ва дар он трансплантати турӣ барои пӯшонидани нуқсони мавзеи қадкашак ба кор бурда мешавад. Амалиёти ҷарроҳӣ тавассути чанд сурохии хурд дар пешдевори шиками бемор гузаронида мешавад, ки ин омил ба коҳиш додани вақти барқароршавӣ ва кам кардани хатари оқибатҳои баъди ҷарроҳӣ мусоидат мекунад.

Амалиёти ҷарроҳӣ тариқи беҳискунии умумӣ ва тавассути сурохҳои хурд дар девори шиками бемор бо истифода аз лапароскоп ва асбобҳои ҷарроҳӣ ба роҳ монда шуда, ба ковокии шикам газ ворид карда мешавад (пневмоперитонеум), то фазои корӣ ба вуҷуд омада, халтаи чурра ва муҳтавои дохили онро ҷудо намудаву трансплантати турӣ дар пайи нуқсони чурра ҷойгир ва мустаҳкам карда мешавад, то пешгирии аз нав пайдо шудани чурра таъмин гардад. Ҳамин тавр, захмҳои баъди ҷарроҳӣ духта мешаванд.

Афзалиятҳои ҷарроҳии муосир тавассути усули “TAPP”-ин зарари кам бо иҷрои буриши хурд гузаронида мешавад, ки ин давраи барқароршавиро кутоҳ намуда, эҳсоси дарди беморро коҳиш медиҳад, инчунин хатари такроран пайдо шудани чурраро кам мекунад.

Қобили зикр аст, ки бо ба роҳ мондани ин усули муосири амалиёти ҷарроҳӣ, ба беморони гирифтори чурраҳои қадкашак имконият фароҳам омад, ки аз хизматрасонии табибони соҳибтаҷриба истифода бурда, дар муддати кутоҳ ва бо харҷи кам дар дохили кишвар саломатии худро барқарор намоянд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Нахустин ҷаласаи гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” барои соли 2024

Истаравшан: ба истифода додани Маркази саломатии деҳаи Варсиқ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии кӯмакҳои беруна дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар баргузор гашт

Вохурӣ бо табибони ҷавон, ки зинаи ординатураи клиникиро дар хориҷи кишвар хатм кардаанд

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Дар амал ҷорӣ намудани боз як усули нави ҷарроҳӣ дар самти бемориҳои рагҳои мағзи сар

Фаъолияти анҷомдодаи  лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (P178878)  дар соли 2024

Search