Шиносоӣ бо фаъолияти шабонаи Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш”

Шаби 07-уми августи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон”Шифобахш” ташриф оварда, бо фаъолияти он шинос гашт.

Дар доираи ташрифи хеш номбурда аз вазъи муассиса пас аз таъмиру навсозӣ дидан ба амал оварда, бо натиҷаи корҳои дар ин самт ба анҷом расида шинос шуд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохили як қатор шӯъбаҳо, роҳравҳо ва гирду атрофи биноҳои мазкур корҳои таъмиру навсозӣ идома доранд.

Дар баробари шиносоӣ бо натиҷаи корҳои ободониву созандагӣ дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” инчунин Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти хизматрасонии тиббии ин муассисаи тандурустӣ низ шиносоӣ пайдо намуд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф ва мақсад аз ташриф ва боздиди роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои тандурустӣ- ин пеш аз ҳама бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мебошад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search