Нишасти кории Платформаи минтақавӣ оид ба таҳкими иқтидор ва шарикӣ дар соҳаи ғизо барои кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ доир гашт

Имрӯз, 22-юми октябри соли равон дар меҳмонхонаи “Ҳилтон”-и шаҳри Душанбе нишасти кории Платформаи минтақавӣ оид ба таҳкими иқтидор ва шарикӣ дар соҳаи ғизо барои кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ  доир гашт, ки дар кори он Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бадриддин Музаффарзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикон оид ба рушд, намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва маориф аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Арманистон ва Озарбойҷон, инчунин коршиносони байналмилалӣ иштирок  намуданд.

Бояд гуфт, ки ин чорабинӣ бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии шарикон оид ба рушд, аз ҷумла ЮНИСЕФ, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ  ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ ташкил  ва баргузор гашт.

Мақсади асосии нишасти корӣ-ин мустаҳкам намудани ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа, тақвияти иқтидорҳои миллӣ дар соҳаи ғизои солим, мубодилаи таҷрибаҳо оид ба ғизои мактабӣ ва омодасозии нақшаи амали Платформа барои солҳои 2026–2027 арзёбӣ шуд.

Зикр гардид, ки чорабинии мазкур як қадами муҳим дар роҳи таҳкими сиёсати миллии ғизо, таъмини муҳити солими мактабӣ, пешгирии камғизоӣ ва фарбеҳӣ дар байни кӯдакон ва рушди ҳамкории минтақавӣ ба шумор меравад.

Ёдовар мешавем, ки нишасти кории Платформаи минтақавӣ оид ба таҳкими иқтидор ва шарикӣ дар соҳаи ғизо барои кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ то 24-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе идома меёбад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи “Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”

Дар Хуҷанд Маркази нави ташхисию табобатии “Насли солим” ифтитоҳ гардид

Оид ба “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва раванди амалисозии ҳуқуқҳои иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ форуми байналмилалӣдоиргашт

Ҷаласаи корӣ оид ба тақсимоти микронутриентҳо ва витаминҳо дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”  

Ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон  дар соҳаи тандурустӣ

Вохурӣ бо роҳбари навтаъйини намояндагии БОР дар Тоҷикистон Ко Сакамото

Search