Арзёбии самаранокии амалисозии барномаи кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” гузаронида шудааст

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағгузории «Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ» бо ҷалби Ташкилоти ҷамъиятӣ «Гендер ва Тараққиёт» арзёбии раванди татбиқи барномаи кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат-ро дар марҳилаи аввал ба анҷом расонид.

Тадқиқот дар 5 минтақаи кишвар— ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронида шуда, дар доираи он мусоҳибаҳо бо намояндагони мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сатҳи марказӣ ва маҳаллӣ, оилаҳои камбизоат, ки айни замон гирандаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ мебошанд ва онҳое, ки чунин кумакро намегиранд, инчунин дар байни гуруҳҳои мақсаднок доир карда шуданд.

Тибқи нақша, маълумотҳо дар 25 гуруҳҳои мақсаднок ҷамъоварӣ карда шуданд, аз ҷумла дар 10 ҷамоати шаҳраку деҳот, ки дар ҳар кадоми онҳо ду гурӯҳи гирандагони кӯмаки унвонии иҷтимоӣ буданд, бо риояи тансуби гендерӣ (мардон ва занон), 5 гурӯҳи мақсаднок, ки аз кумаки унвонии иҷтимоӣ бархурдор нестанд (3 гурӯҳи мардон ва 2 гурӯҳи занон). Дар маҷмӯъ, дар татқиқоти арзёбии марҳилаи аввали кумакҳои унвонии иҷтимоӣ 184 нафар иштирок намуданд, аз онҳо 150 нафар гирандагони кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ва 34 нафаре, ки аз он бархурдор нестанд, бо риояи таносуби гендерӣ (91 нафар мард ва 93 нафар зан).

Натиҷаҳои тадқиқот нишон доданд, ки барномаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва афзоиши устувори иҷтимоӣ таъсири назаррас мерасонад.

Айни замон 200 ҳазор оила дар саросари кишвар мақоми камбизоатиро доро буда, кумаки унвонии иҷтимоӣ мегиранд, ки теъдод тақрибан 15% тамоми хонаводаҳои ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Ҳангоми татқиқот гирандагони кумаки унвонии иҷтимоӣ қайд намуданд, ки кумакпулӣ барои таъмини эҳтиёҷоти асосии оила, аз қабили хӯрокворӣ, доруворӣ ва хизматрасонии коммуналӣ, инчунин барои баланд бардоштани эътимоди мардум ба низоми амнияти иҷтимоӣ мусоидат намуд.

Ҳамзамон, тадқиқоти арзёбии барномаи кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ як қатор мушкилӣ ва камбудиҳоро муайян намуд:

– суръати сустиба коркарди аризаҳоии шаҳрвандон барои таъин намудани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ;

– бартараф кардани норасоиҳои таъмини барнома бо шакли варақаҳо барои таъин намудани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ;

– баланд бардоштани маълумотнокии шаҳрвандон доир ба кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ;

– зарурати рақамикунонии раванди бақайдгирӣ ва воридкунии аризаҳо ба системаи иттилоотии барномаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ (АСИСТ).

Дар асоси натиҷаҳои татқиқоти арзёбӣ, ҷиҳати беҳтар кардани самаранокии барномаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, чунин тавсияҳо пешниҳод гардиданд:

1. Такмил намудани механизмҳои санҷиши эҳтиёҷмандӣ ва шаффофияти расмиётҳои барномаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ;

2. Тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ дар сатҳи ҷамоатҳо ва маҳалҳо;

3. Густариш додани имконот барои гирифтани фикру мулоҳизаҳои шаҳрвандон нисбати барнома;

4. Ба инобат гирифтани ҷабҳаҳои гендерӣ ва дастрасӣ ба воситаҳои рақамӣ дар раванди дастраснамоӣ ба кӯмаки унвонии иҷтимоӣ.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ низоми таъин ва пардохти кумаки унвонии иҷтимоӣ ба аҳолиро такмил дода, тақсимоти одилонаи захираҳои мавҷударо таъмин менамояд ва сифати хизматрасониҳои пешниҳодшавандаро беҳтар месозад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Боздиди Абдухолиқ Амирзода аз беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода

«Муҳофизати биологӣ ва бехатарии биологӣ дар озмоишгоҳҳо»

Ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар вазорат

Ҷаласаи ҷамъбастии лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19  дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» 

БАРДОШТ АЗ ПАЁМ: Соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст

Дастовардҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ назаррасанд

Search