Филиппин. Иштироки Абдухолиқ Амирзода дар форуми тандурустии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ

Аз 29 то 31-уми октябри соли равон дар шаҳри Манилаи кишвари Филиппин форуми тандурустии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Номбурда зимни суханронии хеш доир ба дастоварду муваффақиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди бемории сил ва шароиту имкониятҳои мавҷуда барои ташхису табобати беморони сил дар кишвар маълумот дод.

Ҳамин тавр, зимни баргузории форум масъалаҳои дастгирӣ намудани системаҳои тандурустӣ барои омодагӣ ва вокуниш ба пандемияҳои оянда ва системаҳои тандурустии ба иқлим тобовар, аз ҷумла системаҳои тандурустии ҷамъиятӣ барои ҳалли таъсири тағирёбии иқлим ба бемории сил, кӯмаки техникӣ барои маблағгузории чораҳои вокуниш ба бемории сил, тадқиқот ва таҳияи усулҳои нави табобати бемории сил, ваксинаҳо, воситаҳои скрининг ва ташхис дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордоштаи аъзои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, таҳкими амнияти ҷаҳонии тандурустӣ, таҳия ва татбиқи механизмҳои муштараки минтақавӣ оид ба пешгирӣ, назорат ва нигоҳубини бемории сил, аз ҷумла системаҳои назорати фаромарзӣ ва протоколҳои ҳамоҳангшудаи табобат ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар рафти ин чорабинии сатҳи баланд ба рушди дуҷониба ва бисёрҷонибаи муносибатҳои судманди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишварҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса ҳозир карда шуда, дар ин замина “Ёддошти тафоҳум” барои дастгирии давлатҳои рӯ ба тараққӣ дар бунёди системаҳои тандурустии устувор ба имзо расонида шуд.

Дар маҷмӯъ, чорабинии мазкур ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи фарогирии умумиҷаҳонии тандурустӣ ва суръат бахшидан ба муборизаи якҷоя бар зидди бемории сил дар кишвраҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ нақши муҳим хоҳад бозид.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search