Вохурии Ҳабибулло Хайруллозода бо JICA

Санаи 10-уми ноябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода бо миссияи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) вохурӣ анҷом дод.

Нахуст муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода меҳмононро ба вазорат хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои судманд ва дуҷонибаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо ташкилоти мазкур ёдовар шуд.

Дар ин замина, қайд гардид, ки бо дастгирии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар то кунун як қатор корҳо ба анҷом расида, баҳри боз ҳам беҳтарсозии хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ба шаҳрвандон низ мусоидат карда шуд.

Бояд гуфт, ки ҳадаф ва мақсади ташрифи миссияи JICA ҳамзамон баррасии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муайян кардани имконияту зарфиятҳои мавҷуда баҳри тақвият бахшидани ҳамкориҳои минбаъда бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат мебошад.

Дар идомаи вохурӣ аз ҷониби масъулини вазорат ба меҳмонон доир ба вазъи соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба таври рунамо маълумот пешниҳод карда шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search