Намояндагони марказҳои матбуотии вазорату идора ва кумитаҳо ба вазорат ташриф оварданд

Имрӯз, 21-уми ноябри соли равон дар доираи амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳаи “Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО”, ки аз ҷониби хабаргузории “Азия-Плюс” дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон амалӣ мегардад, сафари матбуотии котибони матбуотии вазорату идора ва кумитаҳо, шахсони масъули робита бо ҷомеа ва намояндагони воситаҳои ахбори умум   дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор  шуд.

Дар доираи сафари матбуотӣ нахуст муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода бо котибони матбуотӣ, шахсони масъули робита бо ҷомеа ва  намояндагони воситаҳои ахбори умум  вохурӣ намуд.

Номбурда зимни ифтитоҳи чорабинӣ иброз дошт, ки воқеан ҳам нақши марказҳои матбуотӣ дар инъикоси фаъолияти сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла дастоварду муваффақиятҳо, баррасии масъалаву мушкилотҳои ҷойдошта ва дар ин замина таъмини рушди ҷомеа назаррас аст.

Бо қаноматмандӣ иброз гашт, ки имрӯзҳо тамоми сохторҳои давлатии мамлакат дорои марказҳои матбуотӣ мебошанд ва ин  омил албатта, баҳри тарғибу ташвиқи дастовардҳои соҳаҳои гуногун мусоидати фаъол менамояд.

Гуфта шуд, ки дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Маркази матбуот фаъолият намуда истодааст, ки саҳми он дар инъикоси фаъолияти вазорат ва дар умум соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат тариқи матбуоти даврӣ, сомонаи расмӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ назаррас мебошад.

Ҳамчунин қайд гардид, ки ба воситаи Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  доир ба навгониҳои соҳа, аз ҷумла дар амал иҷро намудани услуҳои нави ташхису табобат ва гузаронидани мураккабтарин усулҳои ҷарроҳӣ аз ҷониби табибони ватанӣ ва дигар навгониву дастовардҳо пайваста хабару гузоришҳо ба нашр мерасанд.

Дар идома Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вобаста ба сохтори бинои вазорат ва раёсату шуъбаҳои  зерсохтори он ба иштирокчиёни сафари матбуотӣ маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

Баъдан иштирокчиёни сафари матбуотӣ аз ошёнаи 13-ум дидан карда, инчунин бо раванди рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази омор ва иттилооти тиббӣ” ва бо фаъолияти Маркази матбуоти вазорат низ шинос гаштанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search