Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Субҳи имрӯз, 24-уми ноябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона доир гашт, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Саломуддин Юсуфӣ, муовинони вазир Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, Ҳабибулло Хайруллозода, роҳбарони сохторҳои зертобеи вазорат, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.

Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Пасон, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо сухани табрикотӣ баромад карда, ҳозиринро бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рамзи ваҳдат, ифтихор ва суботи миллӣ мебошад, табрик намуд.

Номбурда зимни табрикоти хеш иброз дошт, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муқаддаси давлатдории тоҷикон на танҳо нишонаи ҳувияти миллӣ, балки омили ҳамбастагии тамоми сокинони кишвар мебошад. Он таҷассумгари таърихи пурифтихор, фарҳанги ғанӣ ва орзуву омоли созандаи миллати тоҷик аст. Барои миллати тоҷик, ки аз қадимтарин халқҳои соҳибфарҳанги Осиёи Марказӣ аст, парчам ҳамеша нишонаи қудрат, шуҷоат ва тамаддуни миллӣ будааст.

Парчам танҳо матоъи рангоранг набуда, он кулли маънои ҳастии миллат, таърихи давлатдорӣ ва ормони ояндасозии миллатро дар худ таҷассум намудааст.

Ҳар се ранги парчам – сурх, сафед ва сабз – дар худ паёми бузург доранд, ба мисли сурх рамзи шуҷоату қаҳрамонӣ, сафед рамзи покию адолат ва сабз рамзи ҳаёт, зироат ва ояндаи босаодат аст.

Гуфта шуд, ки маҳз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 1992 қабул гардид, ба рамзи устувории давлати соҳибистиқлол, рушду пешрафт ва саодати мардум табдил ёфтааст.

Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилу зеҳни ҳар шаҳрванди кишвар ҷой дошта, он на танҳо рамзи давлат, балки нишонаи ватандӯстӣ, масъулият, меҳнатдӯстӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Дар ин замина, юунёди баландтарин сутуни Парчами давлатӣ дар ҷаҳон (165 метр) дар шаҳри Душанбе соли 2011 далели равшани эҳтироми мардуми тоҷик ба ин рамзи муқаддас аст.

Дар фаъолияти ҳар як соҳаи ҷомеа, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ, парчам рамзи масъулият ва садоқат аст. Зери ин парчами муқаддас тамоми кормандони соҳаи тиб, аз ҷумла табибон ва ҳамшираҳои шафқат ҷасорату матонат ва ҳатто ҷоннисорӣ барои наҷоти беморонро нишон додаанд.

Боиси ифтихору қаноатмандист, ки имрӯз кормандони соҳаи тандурустӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ зери ин парчами муқаддас барои ҳифзи саломатии ҷомеа, боло бурдани сифати хизматрасонии тиббӣ ва фароҳам овардани шароити арзанда барои ҳар як шаҳрванди кишвар саъю талош менамоянд.

Лозим ба ёдоварист, ки бо шарофати сиёсати оқилонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, солҳои охир соҳаи тандурустӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла, сохтмони муассисаҳои нави тиббӣ дар марказ ва манотиқи дурдаст ба истифода дода шуда истодаанд, барномаҳои миллӣ оид ба ҳифзи саломатии модару кӯдак бомаром татбиқ гардида, дар бахши пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ва густариши низоми рақамисозии хизматрасонии тиббӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаем.

Ин ҳама иқдомҳо зери парчами миллӣ ва бо ҳидояти Пешвои муаззами миллат амалӣ мегарданд, ки ҳадафи ниҳоии онҳо – ҷомеаи солим ва миллати тавонои тоҷик мебошад.

“Имрӯз, вақте ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кулли манотиқи кишвар ва берун аз он парафшон аст, мо ба хубӣ дарк мекунем, ки ин рамз нишонаи истиқлол, сулҳ, ваҳдат ва саодати миллат мебошад”,-иброз дошт Ҷамолиддин Абдуллозода.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Барои беморони саратони ғадуди зери меъда аввалин маротиба дар кишвар ба воситаи таҷҳизоти видеоэндоскопӣ ҷарроҳӣ гузаронида шуд

Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли сӯзандору ва система барои доруи қатрагии ҶДММ «Сино медикал» дар шаҳри Истаравшан

Ӯзбекистон: иштироки мутахассисони тоҷик дар даври омӯзишӣ дар самти такмили ихтисоси менеҷмент ва идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ

ХИЗМАТРАСОНӢ БА БОШАНДАГОН БЕҲТАР МЕГАРДАД. Дар Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор шуъбаи тавонбахшӣ ба истифода дода шуд

Баррасии чор масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Тағироти кадрӣ дар Донишгоҳи тиббӣ

Search