“Расонидани ёрии аввалияи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: натиҷаҳои асосии татқиқоти нишондиҳандаҳои хизматрасонии тандурустӣ барои солҳои 2024-2025”

Имрӯз, 17-уми декабри соли 2025 дар меҳмонхонаи “Ҳилтон”-и шаҳри Душанбе вобаста ба “Расонидани ёрии аввалияи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: натиҷаҳои асосии татқиқоти нишондиҳандаҳои хизматрасонии тандурустӣ барои солҳои 2024-2025” ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ, роҳбари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Гаэл Рабалланд, менеҷери лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” Баҳодур Холназар, мутахассиси калони соҳаи тандурустии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Мутриба Латипова, масъулини раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат ва роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саломуддин Юсуфӣ ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ба намояндаии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии доими соҳаи тандурустии мамлакат, аз ҷумла ёрии аввалияи тиббию санитарӣ изҳори миннатдорӣ баён кард.

Ҳамзамон номбурда ҷаноби Гаэл Рабалландро ба муносибати роҳбари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон таъйин гаштанаш табрик намуда, ба кору фаъолияти номбурда барору муваффақият таманно кард.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби як қатор иштирокчиён доир ба “Расонидани ёрии аввалияи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: натиҷаҳои асосии татқиқоти нишондиҳандаҳои хизматрасонии тандурутӣ барои солҳои 2024-2025” ва дигар мавзуъҳои ба масъалаи мазкур алоқаманд ба иштирокчиён маълумот пешниҳод карда шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Баррасии густариши ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо

Ҷаласаи шӯрои машваратии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гашт

Семинар-машварати онлайнӣ оид ба пешгирии бемории саратон

Чорабинии идона бахшида ба 30-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вобаста ба бозбинии Руйхати миллии доруҳои асосӣ мизи мудаввар доир гашт

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ва ҳайати ЮСАИД

Search