Ҷамолиддин Абдуллозода дар аттестатсияи кормандони соҳаи тандурустӣ иштирок намуд

Бо мақсади баҳо додан ба савияи дониш, тайёрии амалии мутахассисони соҳаи тиб, баланд бардоштани сифати кӯмаки тиббӣ ба аҳолӣ ва гирифтани дараҷаи тахассусӣ тибқи фармоиши дахлдори вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол аттестатияи табибони самтҳои гуногуни мамлакат идома дорад.

Имрӯз, 23-юми декабри соли равон дар асоси фармоиши мазкур дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аттестатсияи табибони ҷарроҳ баргузор гардид.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷараёни баргузории аттестатсияи мутахассисони соҳаи болозикр иштирок ва доир ба самтҳои фаъолияти кории онҳо саволҳо пешниҳод намуд.

Мавриди зикр аст, ки аттестатсияи кормандони соҳаи тандурустӣ –ин раванди муайян намудани сатҳи касбият, салоҳияти касбӣ, сатҳи дониш ва маҳорату малакаи амалии корманд ба шумор меравад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ёвон: ба истифода додани Маркази саломатӣ дар ҷамоати деҳоти Норин

Ифтитоҳи Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” дар шаҳри Бӯстон

Баррасии се масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Чорабинии иттилоотию маърифатӣ оид ба пешгирии бемории фарбеҳӣ

Эълони ҷойи кори холӣ дар филиали ширкати “Нормека Интернешнл АС” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Search