Вокуниш. Таҳқиқи овозаҳо атрофи доруи Пантогам

Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пас аз паҳн гардидани овозаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба зарари доруи Пантогам (гопантеновая кислота) 100 мг/мл раствор для приема внутрь, 100 мл, истеҳсолкунанда 000 «Пик- Фарма Лек”-и Федератсияи Россия масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дод.

Нахуст бояд гуфт, ки доруи Пантогам (гопантеновая кислота) 100 мг/мл раствор для приема внутрь, 100 мл, истеҳсолкунанда 000 «Пик- Фарма Лек”-и Федератсияи Россия дорои сертификати мутобиқат мебошад.

Мавриди ёдоварист, ки ширкати 000 «Пик- Фарма Лек”-и Федератсияи Россия яке аз муассисаҳои фарматсевтии бонуфузи ин кишвар ба ҳисоб меравад. Доруҳои ширкати мазкур солҳои тулонӣ аст, ки дар бозори фарматсевтии Тоҷикистон ворид мешаванд ва то кунун нисбат ба фаъолияти ин ширкат ягон нуқсон ва нисбати маҳсулоти истеҳсолкардаи он дар миқёси кишвар арзу шикоят ба қайд гирифта нашудааст.

Новобаста ба ин, баъди нашр гаштани овозаҳо атрофи доруи мазкур аз анбори ширкатҳои воридкунандаи он барои гузаронидани санҷишҳои озмоишгоҳии такрорӣ намунаҳо гирифта шуданд. Ҳамин тавр, силсилаҳои гуногуни доруи Пантогам (гопантеновая кислота) 100 мг/мл раствор для приема внутрь, 100 мл, истеҳсолкунанда 000 «Пик- Фарма Лек”-и кишвари Федератсияи Россия аз нав мувофиқи талаботи стандартҳои муқарраршуда – ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ аз санҷиш гузаронида шуд.

Натиҷаи санҷишҳои физикию химиявии такрории намунаи силсилаҳои гуногуни доруи мазкур муайян намуданд, ки силсилаҳои зери ташхис қарор гирифта ба талаботи стандартҳои муқарраршуда, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгӯ мебошад.

Дар баробари ин, сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ дар соҳаҳои эҳёи кӯдакона, бемориҳои асаби кӯдакона ва заҳролудшавӣ (токсикология) ҳолати мазкурро зери таҳлил ва баҳогузорӣ қарор дода, вобастагии фавти кӯдакони гирифтори бемориҳои асаб аз истифодаи дорувории Пантогамро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст, беасос номиданд.

Лозим ба зикр аст, ки дилхоҳ маводи доруворӣ, аз ҷумла доруи мазкур низ дорои дастурамал оид ба истифодабарӣ мебошад ва дар ҳолатҳои риоя накардани қоидаҳои истеъмоли он дар шахс ҳолатҳои дигар ҳам метавонанд пайдо шаванд.

Махсусан, ҳангоми табобати дарозмуддат истифодаи якҷояи ин дору бо дигар доруҳои ноотропӣ ва воситаҳои ангезадиҳанда (стимуляторҳо) тавсия дода намешавад.

Дар баробари ин, аз меъёр зиёд истифода бурдани ин дору боиси вайроншавии хоб ё хоболудӣ ва садо дар сари инсон мегардад.

Дар ҷараёни санҷиши корӣ аз ҷониби мутахассисони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нафаре, ки дар муроҷиати худ дар сомонаҳои иҷтимоӣ сабаби бемор шудан ва дар шуъбаи наҷот бистари гаштани фарзанди хешро истифодаи доруи Пантогам пиндошта ва аз мардум истифода накардани доруи мазкурро тавсия додааст, низ маълум карда шуд.

Муайян гашт, ки шаҳрванд Латипов Комилҷон, соли таваллудаш 1990 санаи 10-уми январи соли 2026 фарзанди худ Комилҷонзода Закия Комил, соли таваллудаш 12-уми сентябри соли 2025-ро ба шуъбаи қабули кӯдаконаи Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии “Истиқлол» бо аломатҳои хоболудӣ, карахтӣ, беҳолӣ, бемадорӣ, хунукии дасту пойҳо-гипотермия ва қайкунӣ овардааст.

Шубҳаи волидайни бемор аз он сар мезанад, ки шояд фарзандашон пас аз истеъмоли доруи Пантогам ба ин ҳолат гирифтор шудааст. Ҳамчунин номбурда зимни сабти овозӣ зикр кардааст, ки гуё аз истифодаи доруи Пантогам 3 кӯдак фавтидааст, ки ин ҳолат низ дар ягон муассисаи тиббӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Аз ҷониби табибони муассисаи мазкур ба Комилҷонзода Закия Комил, соли таваллудаш 12-уми сентябри соли 2025 ташхиси “Энсефалопатияи токсикӣ бо алоими афсурдашавии системаи марказии асаб” гузошта ва он бистарӣ карда шудааст. Айни замон ҳолати бемор муътадил мебошад.

Бояд қайд кард, ки тибқи маълумоти дар дастурамали истифодаи тиббии доруи Пантогам (гопантеновая кислота) дарҷгардида, ҳангоми истеъмоли дору хоболудӣ, карахтӣ ва беҳолӣ аз рӯи механизми таъсири дору ба назар мерасад, ки баъзе волидайн инро ҳамчун ориза меҳисобанд.

Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки дар ҳолати пайдо шудани масъалаву мушкилотҳо нисбат ба маводҳои доруворӣ ва хизматрасонии муассисаҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ ба телефонҳои боварии хадамот: (+992-888-000-303, +992-931-119-191, +992-37-250-35-33) муроҷият намоянд.

Дар зер Дастурамал оид ба истифодабарии тиббии доруи ПАНТОГАМ (гопантеновая кислота) 100 мг/мл раствор для приема внутрь, 100 мл, истеҳсолкунанда: 000 «Пик- Фарма Лек”-и Федератсияи Россия оварда мешавад:

Номи тиљоратӣ: Пантогам

Номи байналмилалии патентнашудаи дору: гопантеновая кислота

Шакли дору: маҳлул барои истифодабарии дарунӣ

Гуруҳи фармакотерапевтӣ: доруи ноотропӣ

Нишондодҳо барои истифода:

• ихтилолҳои когнитивӣ ҳангоми осебҳои органикии майнаи сар, аз ҷумла пас аз оқибатҳои нейроинфексияҳо ва ҷароҳатҳои косахонаи мағзи сар, инчунин ҳангоми ихтилолҳои невротикӣ;

• шизофрения бо норасоии органикии мағзӣ;

• ихтилолҳои экстрапирамидӣ (миоклонус-эпилепсия, хореяи Гентингтон, дегенератсияи гепатолентикулярӣ, бемории Паркинсон ва ғ.), инчунин барои табобат ва пешгирии синдроми экстрапирамидӣ (гиперкинетикӣ ва акинетикӣ), ки дар натиҷаи истеъмоли нейролептикҳо ба вуҷуд омадааст;

• эпилепсия бо сустшавии равандҳои равонӣ — дар таркиби табобати маҷмӯӣ бо доруҳои зиддизахм (зиддиташаннуҷӣ);

• сарбории равонӣ-эҳсосӣ, паст шудани қобилияти зеҳнӣ ва ҷисмонӣ, барои беҳтар кардани тамаркузи диққат ва қобилияти дар хотир нигоҳ доштан;

• ихтилолҳои нейрогении пешобкунӣ (полакиурия — пешобкунии зуд-зуд, хоҳишҳои ногаҳонии пешобкунӣ, нигоҳ дошта натавонистани пешоб, энурез);

• барои кӯдакон ҳангоми ақибмонии инкишофёбӣ (равонӣ, нутқӣ, ҳаракатӣ ё омехтаи онҳо), аз ҷумла пас аз энсефалопатияи перинаталӣ, инчунин дар кӯдакони гирифтори шаклҳои гуногуни фалаҷи мағзии кӯдакона;

• барои кӯдакон ҳангоми ихтилолҳои гиперкинетикӣ (синдроми гиперактивият бо норасоии диққат);

• барои кӯдакон ҳангоми ҳолатҳои неврозмонанд (ҳаракатҳо ё садоҳои ғайриихтиёрӣ; лакнат).

Зиднишондодҳо:

• ҳассосияти баланд ба гопантенати калтсий ё ба ҳар яке аз моддаҳои ёрирасони ин дору;

• бемориҳои шадид ва вазнини гурдаҳо;

• давраи ҳомиладорӣ (семоҳаи якуми ҳомиладорӣ);

• фенилкетонурия (бо сабаби доштанимаводи аспартам дар таркиби дору).

Чораҳои эҳтиётӣ:

Ҳангоми табобати дарозмуддат истифодаи якҷояи ин дору бо дигар доруҳои ноотропӣ ва воситаҳои ангезадиҳанда (стимуляторҳо) тавсия дода намешавад.

Таъсири номатлуб:

Ихтилолҳо аз ҷониби низоми масуният:

Реаксияҳои аллергӣ (ринит, конъюнктивит, аксуламалҳои аллергии пӯст).

Ихтилолҳо аз ҷониби низоми асаб:

Ҳаяҷони зиёд, дарди сар, сарчархзанӣ, садо дар сар.

Ихтилолҳои равонӣ:

сустӣ, вайроншавии хоб, хоболудӣ.

Аз меъёр зиёд истифодабарӣ:

Аломатҳо: вайроншавии хоб ё хоболудӣ, садо дар сар.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search