Дар вилояти Суғд ҷаласа оид ба пурра гузаштан ба системаҳои электронии соҳаи тандурустӣ баргузор гардид

Дар вилояти Суғд ҷаласа вобаста ба пурра гузаштан ба системаҳои электронии бақайдгирии таваллуд, фавт, ваксинатсия ва дигар модулҳои иттилоотии соҳаи тандурустӣ, инчунин омодабошии муассисаҳои тиббӣ барои ҷорӣ намудани модулҳои нави электронӣ баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти роҳбарии Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Хайруллозода ва Директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ” Шамсуллозода Манучеҳр доир шуд.

Дар кори ҷаласа роҳбарони ҳамаи муассисаҳои тиббии вилояти Суғд иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба сатҳи омодагии муассисаҳо, ҳолати татбиқи системаҳои электронӣ, мушкилоти мавҷуда ва тадбирҳои иловагӣ барои таъмини гузариши пурра ба платформаҳои рақамӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қайд гардид, ки ҷорӣ намудани системаҳои электронии иттилоотӣ ба баланд бардоштани сифат ва шаффофияти маълумот, таъмини саривақтии таҳлил, беҳтар гардидани қабули қарорҳои идоракунӣ ва коҳиш додани сарбории маъмурӣ мусоидат менамояд.

Дар анҷоми ҷаласа ба роҳбарони муассисаҳои тиббӣ дастуру супоришҳои мушаххас ҷиҳати тақвияти чораҳои омодагӣ ва таъмин намудани гузариши пурра ба модулҳои нави электронии соҳаи тандурустӣ дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ёвон: ба истифода додани Маркази саломатӣ дар ҷамоати деҳоти Норин

Ифтитоҳи Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” дар шаҳри Бӯстон

Баррасии се масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Чорабинии иттилоотию маърифатӣ оид ба пешгирии бемории фарбеҳӣ

Эълони ҷойи кори холӣ дар филиали ширкати “Нормека Интернешнл АС” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Search