Дастоварди навбатии табибони Тоҷикистон дар самти табобати рагҳои венозӣ

Дар Муассисаи давлатии “Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин бор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон реканализатсияи ҳарду вени илёк бо анҷом додани ангиопластикаи баллунӣ ва стентгузорӣ ба вени илёк ва вени поёнии холӣ бомуваффақият иҷро карда шуд.

Ба гуфти Раҳмонов Ҷамшед Каримович, номзади илмҳои тиб, мутахассиси маркази мазкур, ки бо ҳамкорони хеш амалиёти нави ҷарроҳиро гузаронидааст, бемор 68 сола бо шикоятҳои варами андомҳои поён, мавҷудияти варидҳои зери пуст дар пойҳо, сатҳи пеши шикам ва кувук, инчунин каме нафастангӣ ба ин муассиса муроҷиат кард. Аз руи суханони бемор, маълум гардид, ки ӯ 4 сол пеш тромбози варидҳои чуқури пойҳоро гузаронидааст.

“Пас аз муоина ва гузаронидани ташхисҳои лозимаи шараёнҳои шушҳо ва флебаграфияи андомҳои поён муайян гардид, ки дар бемор нишонаҳои пинҳони тромбоэмболияи шараёнҳои шушҳо ҷой доранд. Инчунин, дар бемор стенози қисми инфрарёналии вариди холии поён, пурра махкамшавии варидҳои тиҳигоҳӣ аз ҳарду тараф дида шуд. Бинобар ин, бо вуҷуди гузаронидани курсҳои такрории табобати консервативӣ, таъсири табобат танҳо муваққатӣ буд. Аз ин хотир, ба бемор коронарография ва флебографияи рагҳои узви поёнӣ гузаронида шуд”,-иброз дошт номбурда.

Дар асоси натиҷаҳои ташхис бемор ба таври нақшавӣ дар шуъбаи ҷарроҳии рентгеноэндоваскулярии Маркази илмии ҷумҳуриявии дилу рагҳо бистарӣ гардида, баъд аз тайёриҳои якчандрӯза ба ӯ амалиёти ҷарроҳӣ зери беҳисгардонии мавзеъи пунксияи вариди югии дохила аз тарафи рост ва пунксияи вариди умумии рон аз ҳарду тараф, ҳамзамон реканализатсияи вариди тиҳигоҳӣ аз ҳарду тараф бо ангиоплатикаи вариди холии поён ва варидҳои тиҳигоҳӣ гузаронида шуд.

Баъди анҷоми ин ҳолат дар бемор стентгузории вариди холии поён ва варидҳои тиҳигоҳӣ бо стентҳои худкушоянда таҳти назорати дастгоҳи ангиография амалиёти мазкур баргузор гашт. Ангиографияи назоратӣ барқароршавии пурраи маҷрои рагҳои венозиро нишон дод, ки стенози боқимонда 0% буд.

Хушбахтона, пас аз ҷарроҳӣ дар бемор ягон ориза мушоҳида нашуда, татқиқоти назоратии ултрасадои допплерӣ барқароршавии гардиши хун дар рагҳои венозӣ ва пурра гузариши стентҳои гузошташударо тасдиқ намуд.

Ҳамин тавр, пас аз як рӯзи амалиёти ҷарроҳӣ бемор дар ҳолати қаноатбахш аз беморхона ҷавоб дода шуда, ҳоло таҳти назорати амбулаторӣ қарор дорад.

Бояд гуфт, ки ин амалиёти нави ҷарроҳӣ сатҳи баланди рушди ҷарроҳии муосири рагҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода, ҳамзамон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷиҳати иҷрои амалиётҳои мураккаби баланди технологии эндоваскулярӣ дар Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳо тамоми шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ

Муаррифии лоиҳаи “Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббӣ”

Иштирок дар 24-умин Форуми глобалии ғизои кӯдакон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Вохурӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Search