Барои кормандони ҳифзи иҷтимоӣ омӯзиши маҷозӣ доир шуд

Санаи 11-уми марти соли равон дар доираи Лоиҳаи «Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ» барои кормандони дастгоҳи марказии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ омӯзиши маҷозӣ баргузор гардид. Омӯзиш дар доираи созишнома бо ширкати таҳиягари барномаҳои Intersoft, ки дар самти навсозии системаҳои иттилоотии мавҷудаи АСИСТ (КУИ) ва МСЭ (ХДТТИ) фаъолият мекунад, ташкил карда шуд.

Дар ҷараёни омӯзиш кормандони Муассисаи давлатии «Маркази иттилоотию таҳлилии низоми ҳифзи иҷтимоӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба тариқи онлайн иштирок намуданд.

Зимни омӯзиш мавзӯъҳои калидии марбут ба рушди системаҳои иттилоотӣ баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба ядро ва инфрасохтори АСИСТ ва СОД, системаҳои ҳисоботдиҳӣ (АСИСТ ва МСЭ), фаъолияти системаи иттилоотии МСЭ (ХДТТИ), инчунин имкониятҳои модулҳои нав, аз қабили ASIST-МОБИ, истифодаи QR-код ва генератори ҳисоботҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

Иштирокчиёни омӯзиш беҳбудиҳои назаррасро дар фаъолияти модулҳои АСП (КУИ) ва МСЭ (ХДТТИ), инчунин мутобиқати пурраи равандҳои бизнес-просессҳои система бо талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2025, №488 «Дар бораи Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қайд намуданд.

Ҳамзамон, навовариҳо дар модули гузоришдиҳӣ ва версияи нави ASIST (модули АСП-КУИ) барои истифода дар планшетҳо мусбат арзёбӣ гардиданд. Ин имконият фароҳам меорад, ки дархостҳои шаҳрвандон барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ тариқи барномаи КУИ ба таври электронии бекоғазӣ қабул карда шаванд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

“Махзани электронии иммунизатсияи нақшавӣ ва иловагии кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Тағироти кадрӣ. Сафарзода Абдулло Мумин директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъин гардид

Вохурии маҷозии Ғафур Муҳсинзода бо намояндагони миссияи Бонки ҷаҳонӣ

Баррасии ду масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Иштирок дар ҷаласаи сатҳи баланди Фонди Маблағгузории Глобалӣ

Ҳамкориҳои Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни вазорат ва Маркази интиқоли хуни Эрон густариш меёбанд

Search