«Ҳуқуқи кӯдак, саломатии кӯдакон ва рушди Мактаби модарони оянда»

7-уми апрели соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» дар мавзӯи «Ҳуқуқи кӯдак, саломатии кӯдакон ва рушди Мактаби модарони оянда» семинар баргузор гардид.

Чорабинии мазкур дар доираи аксияи ҷумҳуриявии «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» ва Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз 6 то 10 апрел баргузор мегардад, гузаронида шуд.

Дар кори семинар муовини ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» Зафар Ҳусейнзода, намояндагони як қатор вазорату кумитаҳо, муассисаҳои соҳавӣ ва инчунин устодон ва ординаторони клиникии донишгоҳ иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ Зафар Ҳусейнзода иштирокчиёнро бо Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ табрик гуфта, қайд кард, ки саломатӣ яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон буда, дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ бояд барои ҳар як шаҳрванд таъмин гардад.

Дар ҷараёни семинар маърӯзаҳои пурмуҳтаво оид ба ҳуқуқи кӯдак, ҳифзи саломатии модару кӯдак, рушди «Мактаби модарони оянда», инчунин масъалаҳои ташхис ва табобати бемориҳои кӯдакона пешниҳод гардиданд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҳифзи саломатии кӯдакон ва таъмини ҳуқуқҳои онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар ин самт ҳамкории муассисаҳои соҳа бояд боз ҳам тақвият ёбад.

Зикр шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббӣ ва ҳуқуқии ҷомеа, инчунин таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ мусоидат менамоянд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи “Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”

Дар Хуҷанд Маркази нави ташхисию табобатии “Насли солим” ифтитоҳ гардид

Оид ба “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва раванди амалисозии ҳуқуқҳои иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ форуми байналмилалӣдоиргашт

Ҷаласаи корӣ оид ба тақсимоти микронутриентҳо ва витаминҳо дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”  

Ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон  дар соҳаи тандурустӣ

Вохурӣ бо роҳбари навтаъйини намояндагии БОР дар Тоҷикистон Ко Сакамото

Search