Айни ҳол дар як қатор гурӯҳҳои “Вотсап” як сабти овозӣ ва навори видеои нашр гардида истодааст, ки дар он як зан иттилоъ медиҳад, ки гӯё дар ноҳияи Фархор бар асари истеъмоли ҳабҳои “Албендазол”, ки аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ тақсим гардидааст, якчанд хонандагон дар муассисаҳои тандурустӣ бо ҳолати вазнин бистарӣ гаштаанд.
Дар ҳамин ҳол, масъулини соҳаи тандурустии ноҳияи Фархор иттилоъ медиҳанд, ки дар ягон муассисаи тандурустии ноҳияи мазкур баъди истеъмоли маводи дорувории “Албендазол” муроҷиати ҳеҷ шаҳрванде ба қайд гирифта нашудааст ва тақсими маводи дорувории болозикр тибқи тартиби муқарраргашта барои кудакону нарасони аз 7 то 14 сола дар муассисаҳои таълимии ноҳия идома дошта, ягон ҳолати ногувор пас аз истеъмоли он дар байни хонандагон рух надодааст.
Ҳамзамон навори мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Дар натиҷа муайян гардид, ки навор на дар ноҳияи Фархор балки дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ сабт гардида, нафари дар навори видеоӣ сабтшуда Тоҷова Фаришта, соли таваллудаш 09.06.2015, истиқоматкунандаи ҷамоати Даштигулу, деҳаи Тагноб мебошад.
Ташхиси табибон муайян намуд, ки номбурда на дар натиҷаи истеъмоли доруи Албендазол дилбеҳузур ва якбора бемор шудааст, балки номбурда гирифтори бемории диабети қанди навъи 1 будааст, ки омили асосии ин навъи диабети қанд ирсӣ мебошад.
Бинобар ин, аз шаҳрвандони мамлакат бори дигар даъват ба амал оварда мешавад, ки ба ҳар гуна овоза ва ҳангомаҳои беасос нисбат ба хизматрасонии тиббӣ бовар накунанд.
Дар ҳамин замина, иттилоъ бояд дод, ки дар доираи иҷрои нақшаи амалисозии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 то 11 апрели соли 2026, №12-171 “Оид ба амали намудани чораҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди муҳимтарин гелминтозҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бо мақсади паст кардани сатҳи паҳншавӣ ва сироятёбӣ ба бемориҳои гелминтӣ дар байни кудакони синни мактабии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 6 то 11 апрели сол равон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар байни кӯдакони синни аз 7 то 14 сола чорабинии фарогирии бекирмгардонӣ бо дорувории “Албендазол 400мг” гузаронида мешавад.


