Имрӯз, 16-уми апрели соли равон бахшида ба 20-умин Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия, ки аз 20 то 25 апрели соли 2026 дар тамоми кишварҳои минтақаи аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳти шиори «Ваксинаҳо ҳама наслҳоро муҳофизат мекунанд» қайд карда мешавад, дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, шарикон оид ба рушд, роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика», ҳамзамон роҳбарони марказҳои саломатии шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода зимни ифтитоҳи нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолият ба масъалаи ҳифзи саломатии кӯдакон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд. “Кишвари мо узви фаъоли Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ буда, бо дастгирии шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия, Иттиҳоди Аврупо ва дигар шарикон, ҷиҳати таҳким ва рушди низоми иммунопрофилактика тадбирҳои пайгирона амалӣ менамояд”,-қайд кард номбурда.
Зикр карда шуд, ки иммунизатсия яке аз самараноктарин ва одилонатарин тадбирҳои соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз тавассути ваксинаҳо мо метавонем сатҳи бемориҳои сироятии ба воситаи ваксинаҳо идорашавандаро коҳиш диҳем, оризаҳои вазнин ва фавтро пешгирӣ намоем ва амнияти санитарию эпидемиологии кишварро таъмин созем.
Таъкид гардид, ки имрӯз Тоҷикистон дар самти ҳифзи аҳолӣ тавассути иммунизатсия ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Фарогирӣ бо чунин ваксинаҳои муҳим, ба мисоли ваксинаҳои зидди бемориҳои фалаҷ, гулузиндонак, кузоз, кабудсулфа, сурхча, баногушак, гулафшон, сироятҳои гемофилии намуди Б, пневмококкӣ ва ротавирусӣ дар кишварамон зиёда аз 90 фоизро ташкил медиҳад. Ин дастовард барои нигоҳ доштани мақоми озод аз бемории фалаҷ ва пешрафт дар роҳи барҳам додани баъзе бемориҳои бо ваксинаҳо идорашаванда заминаи муҳимро фароҳам овардааст.

Яке аз дастовардҳои муҳими низоми миллии иммунизатсия дар солҳои охир — ин ворид намудани ваксинаи зидди вируси папилломаи одам мебошад. Аз моҳи октябри соли 2025 ин ваксина ба Тақвими миллии иммунизатсия ворид карда шуда, иммунизатсияи он байни духтарони синни 10 сола оѓоз гардид. Дар баробари воридкунии ваксинаи мазкур, тули як моҳ чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам байни духтарони синни 11-14 сола низ бомуваффақият гузаронида шуд. Иқдоми мазкур барои ҳифзи саломатии духтарон ва пешгирии саратони гарданаки бачадон аҳамияти калон дорад.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ шарикон оид ба рушд низ баромад карда, доир ба аҳамият ва зарурати чорабинии мазкур ва натиҷаҳои ҳамкориҳо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши иммунизатсия махсус қайд карданд.


