Раванди рақамикунонии низоми нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ дар доираи лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” баррасӣ гашт.

Дар доираи ташрифи миссияи Бонки Ҷаҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми апрели соли ҷорӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода бо намояндагони гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гашт.

Нахуст Ҳабибулло Хайруллозода меҳмононро ба вазорат хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои судманди дуҷониба бо бонки мазкур дар бахши низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ёдовар шуд.

Зимни вохурӣ масъалаҳои марбут ба фаъолияти лоиҳаи болозикр дар самти рақамикунонии низоми нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ ва модулҳои азнавсохташудаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва экспертизаи тиббию иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои ҷори намудани системаи ҳамгирошудаи Кейс-менеҷмент дар 5 ноҳияи пилотӣ ва гузаронидани як қатор омӯзишҳо барои кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоиро низ баррасӣ карданд.

Мавриди зикр аст, ки модулҳои навтаъсис дар доираи чорабиниҳои ба нақша гирифташуда то охири соли 2026 амалӣ карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки инчунин зимни ташриф ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ намояндагони Бонки ҷаҳонӣ бо гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вохурӣ намуда, рафти татбиқи лоиҳаи мазкурро баррасӣ намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд

Мутахассиси эронӣ ва табибони тоҷик оид ба дарёфти нуқсон ва иллатҳои модарзодии тифл табодули таҷриба намуданд

Вохурӣ бо шарикони рушд

Франсия: Иштироки Ғафур Муҳсинзода дар вохурии сатҳи баланд оид ба фарогирии умумии хизматрасонии тиббӣ

Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ шуд

Ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи cолонаи соли чоруми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-4) доир гашт

Search