Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз Озмоишгоҳи миллии референсӣ

Имрӯз, 12-уми июни соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти фаъолияти Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” шинос гашт.

Дар ин муассисаи тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти хизматрасонии шуъбаҳо ва ҷараёни фаъолияти кормандони озмоишгоҳ шинос гашт.

Зимни суҳбат бо роҳбарият ва кормандони озмоишгоҳи мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода масъалаҳои баланд бардоштани малакаи касбии кормандони низоми озмоишгоҳӣ ва ба такмили ихтисос фаро гирифтани онҳо, боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии озмоишгоҳӣ, баҳодиҳии фаъолияти озмоишгоҳҳо ва баҳодиҳии берунии сифати хизматрасонӣ ва ба роҳ мондани усулҳои нави ташхисро баррасӣ кард.

Бояд гуфт, ки вазифаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз гузаронидани тамоми озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат аст.

Озмоишгоҳи мазкур бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, дар он кормандони касбӣ ва соҳибихтисос дар лабораторияи муосири вирусологӣ фаъолият мекунанд.

Дар баробари ин, Озмоишгоҳи миллии референсӣ дорои системаи устувори идоракунии сифат бо расмиёти ҷорӣ ва иқтидори кофӣ барои коркард ва нигоҳдории намунаҳои клиникӣ мебошад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search