Боздиди Президенти TIKA аз Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода

24-уми июни соли равон дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ (TİKA) Абдуллоҳ Эрен аз Муассисаи давлатии “Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд.

Дар ин сафар ҳайати меҳмононро муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода ва директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода ҳамроҳӣ намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ нисбат ба пиронсолону маъюбон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок қарор гирифта, барои зисту зиндагонии ин қишри ҷомеа дар мамлакат тамоми шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Зимни ташриф Президенти Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ (TİKA) Абдуллоҳ Эрен бо бошандагони муассисаи мазкур суҳбат намуда, аз вазъи шароиту имкониятҳои он дидан кард.

Дар ин ҷо барои бошандагони муассисаи мазкур дастархони идона ороста шуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Баррасии ду масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Иштирок дар ҷаласаи сатҳи баланди Фонди Маблағгузории Глобалӣ

Ҳамкориҳои Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни вазорат ва Маркази интиқоли хуни Эрон густариш меёбанд

Марҳилаи навбатии ҳамкориҳои Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни вазорат ва Маркази интиқоли хуни Эрон

ВМКБ. Ба истифода додани якчанд муассисаҳои КАТС пас аз сохтмон ва таъмиру азнавсозӣ

Ҷаласаи Шӯрои машваратии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир гардид

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram