Озмуни байналмиллали эҷодӣ оид ба эссе, видеосюжетҳо, аксҳо ва расмҳо таҳти унвони «Ҳуқуқ ба саломатӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

31 июли соли 2026 ҷаласаи якуми Комиссияи ҷумҳуриявии баргузории марҳилаи миллии озмуни байналмилалии эҷодии «Ҳуқуқ ба саломатӣ» баргузор гардид.

Кори ҷаласаро муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссия Амирзода Абдухолиқ Амир ҳусни оғоз бахшида, оид ба аҳамияти баргузории озмун, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдор ва зарурати дар муҳлатҳои муқарраршуда баргузор намудани марҳилаи миллии озмун ибрози назар намуд.

Дар ҷаласа муовинони вазирони вазорату идораҳо, намояндагони кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндаи ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, ҷомеаи суратгирон, синамогарон, воситаҳои ахбори омма ва дигар аъзои Комиссия иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои вобаста ба тасдиқи нақшаи чорабиниҳо, муайян намудани шахсони масъул аз ҳисоби вазорату идораҳо, тақвияти корҳои иттилоотию тарғиботӣ, ҷалби муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин таъмини қабули саривақтӣ ва арзёбии шаффофи корҳои озмунӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қайд гардид, ки озмуни байналмилалии эҷодии «Ҳуқуқ ба саломатӣ», ки дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли ҳифзи саломатӣ» дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, ба баланд бардоштани фарҳанги тарзи ҳаёти солим, тарғиби ҳуқуқ ба саломатӣ, ҷалби ҷавонон ба масъалаҳои ҳифзи саломатӣ ва муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ равона шудааст.

Озмун аз рӯи чор номинатсия баргузор мегардад:

1. «Беҳтарин эссе»;

2. «Беҳтарин видеосюжет»;

3. «Беҳтарин акс»;

4. «Беҳтарин расм».

Иштирокчиён дар ду категория байни ҳам рақобат менамоянд:

1. кӯдакон ва наврасони то 14-сола;

2. иштирокчиёни аз 14-сола боло.

Дар анҷоми ҷаласа аъзои Комиссия омодагии худро барои дар сатҳи баланд баргузор намудани марҳилаи миллии озмун, ҷалби ҳарчи бештари иштирокчиён ва пешниҳоди беҳтарин корҳои эҷодӣ ба марҳилаи байналмилалӣ изҳор намуданд.

Аз ҳамаи эҷодкорон, хонандагон, донишҷӯён, рӯзноманигорон, суратгирон, рассомон ва шаҳрвандони фаъол даъват ба амал оварда мешавад, ки дар озмуни байналмилалии эҷодии «Ҳуқуқ ба саломатӣ» фаъолона иштирок намуда, бо осори эҷодии худ дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузоранд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Боздиди Абдухолиқ Амирзода аз беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода

«Муҳофизати биологӣ ва бехатарии биологӣ дар озмоишгоҳҳо»

Ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар вазорат

Ҷаласаи ҷамъбастии лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19  дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» 

БАРДОШТ АЗ ПАЁМ: Соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст

Вохурӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram