Иштирок ва суханронии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саммити ҷаҳонии “Сармоягузорӣ ба некӯаҳволии кӯдакон: роҳ ба сӯи рушди устувор ва одилона барои наслҳои оянда”

22-уми октябри соли равон дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон саммити ҷаҳонии “Сармоягузорӣ ба некӯаҳволии кӯдакон: роҳ ба сӯи рушди устувор ва одилона барои наслҳои оянда” доир гашт, ки дар он ҳайати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдулллозода ширкат варзид.

Маврид ба зикр аст, ки дар саммити мазкур намояндагони воломақоми кишвари Ӯзбекистон, вазирони тандурустии як қатор давлатҳо, шарикон оид ба рушд ва мутахассисону коршиносони минтақавӣ ва байналмилалӣ иштирок намуданд.

Дар доираи саммити болозикр вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаи 4-уми тандурустии умумӣ вобаста ба вазъи соҳаи тандурустӣ, махсусан хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон дар мамлакат баромад кард.

Зикр гардид, ки ҳифзи саломатии кӯдакон яке аз авлавиятҳои муҳимтарини сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Сармоягузорӣ ба саломатии кӯдакон сармояи инсониро тақвият медиҳад, рушди устувори давлатро таъмин мекунад ва некӯаҳволии наслҳои ояндаро таъмин менамояд. Таъмини ҳуқуқ, саломатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон дар рӯзномаи байналмилалӣ мақоми баландро ишғол мекунад. Ин масъулияти муштарак давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи касбӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро муттаҳид мекунад.

Гуфта шуд, ки ғамхории доимӣ барои саломатии кӯдак бояд аз батни модар оғоз ёфта, дар тули солҳои аввали ҳаёт идома ёбад. Пешгирии саривақтии бемориҳо, эмгузаронӣ, ошкор кардани барвақти нуқсонҳои инкишофӣ, ёрии тиббии дастрас ва беҳтар кардани саводнокии волидон барои рушд ва инкишофи солим шароит фароҳам меорад.

Ба шарофати иродаи сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар панҷ соли охир 2,5 маротиба афзоиш ёфта, ин иқдом ба беҳтар шудани инфрасохтор, афзоиши дастрасӣ ва беҳтар шудани сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат кард.

Дар кишвар системаҳои бақайдгирии электронии таваллуд ва фавт, сабти эмгузаронӣ ва назорати рушд ва инкишофи кӯдакон ҷорӣ карда шудаанд, ки ҳамаи ин ин системаҳо ба платформаи иттилоотии миллӣ муттаҳид карда шудаанд.

Дар рафти баромад инчунин доир ба самтҳои дигари соҳаи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ва дастовардҳои соҳа ба ҳозирин маълумот пешниҳод гардид

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ

Муаррифии лоиҳаи “Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббӣ”

Иштирок дар 24-умин Форуми глобалии ғизои кӯдакон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Тағироти кадрӣ дар Донишгоҳи тиббӣ

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译