Доир ба таҳлили муфассали низоми ҷамъоварӣ ва истифодаи маълумотҳои омории соҳаи тандурустӣ ҷаласаи корӣ доир гашт

Санаи 11-уми августи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода доир ба таҳлили муфассали низоми ҷамъоварӣ ва истифодаи маълумотҳои омории соҳаи тандурустӣ ҷаласаи корӣ доир гашт.

Дар ҷаласаи мазкур роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии мамлакат, коршиносони соҳа, шарикон оид ба рушд ва намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ аз кишвари Қазоқистон иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Абдухолиқ Амирзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳадаф ва мақсади баргузории ҷаласаи кориро ба самъи иштирокчиён расонид.

Тавре зимни суханронии хеш номбурда иброз дошт, таҳлили дар ин самт анҷомшуда нишон дод, ки ҷамъоварии маълумот дар муассисаҳои тиббӣ мунтазам амалӣ мегардад, аммо дар раванди кор баъзе мушкилот, аз ҷумла такроршавии маълумот, номукаммал будани ҳамоҳангсозии ҳисоботҳо ва фарқиятҳо дар сифат вуҷуд доранд.

Таъкид карда шуд, ки маълумоти боэътимод-ин заминаи асосии қабули қарорҳои дуруст мебошад. Аз ин рӯ, барои беҳтар намудани вазъ зарурати таҳияи стандартҳои ягонаи сифат, гузаронидани омӯзишҳои мунтазам барои кормандони омор ва тақвияти низоми аудити маълумот махсус қайд карда шуд.

Дар идомаи ҷаласаи корӣ аз ҷониби мутахассисони ватанӣ ва шарикон оид ба рушд доир ба масъалаи баррасишуда маърӯзаҳо пешниҳод гардида, ҳамзамон атрофи онҳо муҳокимаронӣ сурат гирифт.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории саратон конфронси илмию амалӣ доир гашт

Ҷаласаи корӣ оид ба натиҷагирӣ аз гардиши шабонаи роҳбарияти вазорат ва масъулини соҳа дар муассисаҳои тандурустӣ

Рӯзи Модар муборак!

Мо метавонем силро мағлуб кунем!-мусоҳиба бо профессор Октам Бобохоҷаев

Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА дар соҳаи тандурустӣ ва ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум

Баргузории ҷаласаи якуми ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи грантҳои хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译