Иштирок дар ҷаласаи сатҳи баланди Фонди Маблағгузории Глобалӣ

Аз 5 то 7-уми майи соли 2025 дар шаҳри Кейптауни Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ҷаласаи сатҳи баланди кишварҳои узви Фонди Маблағгузории Глобалӣ (ФМГ) баргузор гардид, ки дар он аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода ва муовини якуми вазири молия Юсуф Маҷидӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои афзалиятнок барои солҳои 2024-2026-ро муаррифӣ кард, ки самтҳои асосии зеринро дарбар мегирад: беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва мутобиқати хизматрасониҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС), маблағгузории устувор, системаҳои иттилоотии идоракунии тандурустӣ ва самти рақамкунонии соҳа ва таъмини рушди устувори захираҳои инсонӣ.

Дар доираи иштирок дар ин чорабинӣ Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари Котиботи Фонди Маблағгузории Глобалӣ ҷаноби Люк Лавиолет мулоқот намуда, дар рафти он дурнамои тавсеаи сандуқи сармоягузориро ҷиҳати таҳкими системаи тандурустии Тоҷикистон ва рушди минбаъдаи шарикӣ бо ин фонд ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ кард. Зимни вохурӣ масъалаҳои ҷалби донорҳои дигар бо иштироки ФМГ барои афзоиши ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустии кишвар низ баррасӣ гаштанд.

Илова бар ин, ҳайати Тоҷикистон дар таҳияи Стратегияи Фонди Маблағгузории Глобалӣ барои солҳои 2026-2030, ки ҳадафҳои асосии он сафарбар намудани маблағгузории устувор ба кишварҳои аъзо, нигоҳ доштани натиҷаҳои ба даст омада дар соҳаи ҳифзи саломатии занон, кӯдакон ва наврасон, васеъ намудани равишҳои инноватсионии собитшуда ва коҳиш додани вобастагӣ аз кӯмаки беруна мебошад, иштирок намуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search