Ню Йорк. Иштирок ҳайати вазорат дар иҷросияи 69-уми Комиссия оид ба мақоми занони СММ

Дар доираи даҳаи чорабиниҳои сатҳи баланди иҷлосияи 69-уми Комиссия оид ба мақоми занони Созмони Милали Муттаҳид, ки аз 10 март оғоз ёфта, то 21 марти соли равон дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико идома меёбад, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои саломатӣ ва ҳифзи иҷтимоии занон иштирок намуд.

Қайд кардан лозим аст, ки иҷлосияи мазкур ба муносибати 30-юмин солгарди Платформаи амали Комиссияи болозикр барпо шуда, дар кори он ҳайатҳои кишварҳои мухталифи дунё дар сатҳи олӣ ва баланд иштирок доранд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии мазкур дар баробари ҳайати воломақом таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти соҳа Дилрабо Мансурӣ, ҳамзамон Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Раъно Абдураҳмонзода, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок доранд.

Дар доираи ин чорабинӣ якчанд масъалаҳои тандурустӣ, аз ҷумла ҳифзи иҷтимоӣ ва дастрасии хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба занон, занони маъюб ва пиронсолон ва Эъломияи Пекин мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуданд.

Вакилони иҷлосияи 69-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи занон якдилона Эъломияи сиёсиро қабул карданд, ки дар он бори дигар садоқатмандии худро ба пешбурди ҳуқуқ ва тавонмандсозии тамоми занону духтарон дар саросари ҷаҳон тасдиқ карданд.

Ҳуҷҷати мазкур эътироф менамояд, ки дар соли 2025 имкониятҳои нав барои пурзӯр намудани талошҳо ҷиҳати татбиқи Эъломияи Пекин ва Платформаи амал, ки соли 1995 дар Конфронси чоруми ҷаҳонии занон қабул шудааст, пайдо мегардад. Давлатҳои узв бори дигар таъкид намуданд, ки баробарии гендерӣ шарти асосии рушди устувор аст.

Инчунин, дар доираи чорабиниҳои болозикр бо иштироки намояндагони 12 кишвари олам ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ низ таҷлил гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок ва ҳозиринро ба муносибати фарорасии ин ҷашни фархунда шодбош намуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search