Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

7 декабри соли 2024 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатӣ оид ба баррасии натиҷаҳои ворид намудани роҳҳои ҳалли рақамӣ оид ба масъалаҳои ҳамгироии бемории сил ва ВНМО баргузор гардид, ки дар кори он Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эприл Питс, директори дафтари тандурустии ҷамъиятии Намояндагии USAID дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш иброз намуд, ки ҳамгирои кардани ҳалли рақамии инноватсионӣ ба хизматрасониҳои марбут ба сил, ки ба стратегияи рақамисозии соҳаи тандурустии миллӣ мувофиқ мебошанд, назорати силро беҳтар намуда, дастгирии саривақтиро барои беморон таъмин менамояд. Технологияҳои нави рақамӣ усули муҳими пешрафт дар самти беҳдошти саломатӣ ва некӯаҳволии шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Дар ҷаласа иштирокчиён ҷузъҳои асосии Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ за бемории силро баррасӣ намуда, ба ҳамгироии ҳалли рақамӣ барои беҳтар намудани дарёфт ва идоракунии ҳолатҳои сил ва ВНМО-ро таъкид карданд. Ҳамчунин, дар доираи муҳокимаҳо маълумоти нав оид ба фаъолияти USAID дар Тоҷикистон ва дастгирии он барои тақвияти барномаҳои мубориза бо сил ва ВНМО пешниҳод гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ ҳам дар идоракунии бемории сил ва ҳам бемории ВНМО имкон медиҳад, ки ба таври муассир пайгирии ҳодисаҳо, мудохилаҳои саривақтӣ ва банақшагирии тадбирҳои табобат ва пешгирӣ беҳтар карда шаванд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search