Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ
Январ 20
15:18 2024

20 январи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар байни кормандони соҳа ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он муовинони вазир, роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Зимни ҷаласаи корӣ гуфта шуд, ки пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар маркази диққати роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ҷиҳати решакан намудани ин падидаи номатлуб дар кишвар тамоми чораҳои муҳиму зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Мавриди зикр аст, ки  дар самти пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор нақшаи чорабиниҳо тартиб ва амалӣ  шуда истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки доир ба масъалаи мазкур ҳафтаи ҷорӣ низ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо роҳбарият ва кормандони таваллудхонаҳои ҷумҳурӣ вохeрии онлайнӣ анҷом дода буд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 621
  • 1,242
  • 949,641