Вохурӣ бо намояндагони «LDS Charities»

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти кории намояндагии “Барномаи солимии модар ва кӯдак”-и «LDS Charities» (ИМА) аз департаменти кумаки башардӯстонаи “Калисои Исои Масеҳ аз муқаддасони рӯзҳои охир” дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо роҳбарият ва масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар мулоқот муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода ва масъулони Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар оғоз муовини вазир меҳмононро хайрамакдам намуда, аз номи роҳбарияти вазорат ҷиҳати таваҷҷуҳ намудан ба рушди соҳа изҳори миннатдорӣ намуд.

Лозим ба ёдоварист, ки бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва навзодон як қатор корҳо анҷом дода шудааст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2012 инҷониб бо “Барномаи солимии модар ва кӯдак”-и «LDS Charities» (ИМА) ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ мондааст.

Дар доираи кумакҳои башардӯстона соли 2024 аз тарафи ташкилоти мазкур 16 адад таҷҳизоти нафасдиҳии Сипап барои навзодон ва соли 2025 боз 84 адад Сипап дастрас шуда, айни ҳол аз 13-уми октябри соли равон бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзонидани табибони неонатолог барои тарзи истифодабарии таҷҳизоти нафасдиҳии Сипап оғоз гардидааст.

Дар идома иштирокчиён доир ба самтҳои гуногуни “Барномаи солимии модар ва кӯдак” мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо иброз доштанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд

Мутахассиси эронӣ ва табибони тоҷик оид ба дарёфти нуқсон ва иллатҳои модарзодии тифл табодули таҷриба намуданд

Вохурӣ бо шарикони рушд

Франсия: Иштироки Ғафур Муҳсинзода дар вохурии сатҳи баланд оид ба фарогирии умумии хизматрасонии тиббӣ

Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ шуд

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram