Баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба ғизои мактабӣ

17-уми октябри соли ҷорӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба ғизои мактабӣ барои солҳои 2022 – 2027 баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода, намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, молия, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, саноат ва як қатор идораҳову кумитаҳои мамлакат иштирок  намуданд.

Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зимни ифтитоҳи ҷаласа иброз дошт, ки ғизои солим талаботи зарурӣ барои рушди миллӣ ва беҳбудии аҳолӣ буда, “Барномаи давлатии ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” баҳри беҳтар намудани солимии аҳолӣ, аз ҷумла солимии кӯдакону наврасон  таҳия ва қабул гардидааст.

Инчунин, таъкид карда шуд, ки ҳифзи сиҳатии кӯдакон яке аз масъалаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ғизои мактабӣ ҳамчун воситаи самаранок барои баланд бардоштани давомот дар мактабҳои ибтидоӣ эътироф  гардидааст.

Маврид ба зикр аст, ки соли ҷорӣ аз тарафи аъзоёни Шўрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба ғизои мактабӣ таваҷҷўҳ ба иҷрои бандҳои нақшаи татбиқи барномаи мазкур вобаста ба заминҳои назди муассисаҳои таълимии умумӣ бахшида шуда буд. Нисбат ба ин масъала дар вилоятҳои Хатлону Суғд корҳо ҷоннок гардида, муассисаҳои таълимии умумӣ бо маҳсулотҳои хўрока таъмин карда шуданд.

Ҳамчунин, вобаста ба бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи соҳа, аз ҷумла таъмини мактаббачагон бо ғизои солим аз ҷониби иштирокчиён таклифу пешниҳодоти муфид ироа гардида, дар идомаи ҷаласа иштирокчиён доир ба самтҳои гуногуни мавзуъи мавриди назар мубодилаи афкор намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ

Муаррифии лоиҳаи “Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббӣ”

Мушкилоти номувофиқатӣ (ғунчоишнопазирӣ)-и таркибот (ингредиент)-ҳо дар шаклҳои доругӣ ва усулҳои бартараф кардани он дар амалияи фарматсевтӣ

Боздид аз рафти хизматрасонии тиббии Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода

Оғози даврҳои омӯзишӣ барои нефрологҳо

Search