Дания: баимзорасонии Стратегияи ҳамкорӣ бо ТУТ ва табрикоти Ҳанс Клюге барои нашри мақола аз ҷониби Ҷамолиддин Абдуллозода дар маҷаллаи бонуфузи “BioMed Central”

Директори минтақавии Дафтари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба давлатҳои Аврупо Ҳанс Клюге вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозодаро барои нашри бомуваффақияти мақола оид ба натиҷаҳои таҳлили бозори меҳнат дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар маҷаллаи бонуфузи “BioMed Central” табрик намуд.

Иқдоми мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ як қадами муҳим буд, ки муносибати ҳамаҷониба ба такмили системаи тандурустии кишварро инъикос мекард.

“Ин натиҷаи саъю кӯшиши муштараки коршиносон ва мутахассисон дар ҳар се сатҳи ТУТ мебошад ва аҳамияти таҳлили бозори меҳнатро ҳамчун воситаи таҳияи сиёсати муассири соҳаи тандурустӣ таъкид мекунад. Ҳадафи нашрия ба муайян кардани мушкилот ва имкониятҳои асосии системаи тандурустии Тоҷикистон ва пешниҳоди тавсияҳо барои беҳбудии хизматрасонии тиббии муассисаҳои тандурустӣ равона шудааст”, – иброз дошт Ҳанс Клюге.

Нашри мавод дар маҷаллаи бонуфӯзи “BioMed Central” имкониятҳои соҳаи тибби кишварро барои ворид кардани равишҳои нави илмӣ ва амалияи тандурустӣ тасдиқ мекунад, ки ин як қадами зарурӣ барои таъмини рушди устувор ва беҳбуди саломатии аҳолӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки ба имзорасонии Стратегияи ҳамкорӣ бо ТУТ ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки на танҳо табодули таҷриба, балки ҷалби таҷрибаи байналмилалӣ барои ҳалли масъалаҳои мубрами соҳаи тандурустиро ба даст орад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вобаста ба бозбинии Руйхати миллии доруҳои асосӣ мизи мудаввар доир гашт

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ва ҳайати ЮСАИД

Татбиқи босамари “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”  дар самти расонидани кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Душанбе

Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти таълими кафедраҳои Донишгоҳи тиббӣ ва Донишкадаи баъдидипломӣ шинос шуд

Search