Файзобод: шуъбаи ёрии таъҷилии назди Маркази саломатӣ пас аз таъмир мавриди истифода қарор дода шуд

Имрӯз, 5-уми ноябри соли равон бахшида ба 30-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи ёрии таъҷилии назди Маркази саломатии ноҳияи Файзобод пас аз таъмир мавриди истифода қарор дошта шуд, ки дар расми ифтитоҳи он раиси ноҳияи мазкур Мансур Каримзода, роҳбарият ва кормандони муассисаи тандурустии номбурда иштирок намуданд.

Тавре масъулин иттилоъ доданд, шуъбаи ёрии таъҷилии назди Маркази саломатии ноҳияи Файзобод бо 7 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ таъмин буда, он ба 120 ҳазору 999 нафар аҳолии ноҳияи мазкур хизмат мерасонад.

Дар шуъбаи мазкур дар умум 56 нафар, аз ҷумла мудири шуъба, 1 нафар ҳамшираи калон, 1 нафар механик, 6 нафар момодоя, 11 нафар бародари шавқат, 18 нафар ронанда, 6 нафар дастурдиҳанда ва 14 нафар табиби навбатдор фаъолият менамоянд.

Дар шуъба 2 бригада дар ҳудуди ноҳия ва 1 бригада дар ҷамоати деҳоти 30-солагии Истиқлол ба аҳолӣ хизмат хоҳанд кард.

Дар ин рӯз ҳамзамон 8 нафар собиқадори соҳаи тандурустӣ бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуда, 15 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ба таври ройгон аз амалиёти хатна гузашта, ба онҳо низ туҳфаҳо тақдим гардид.

Қобили зикр аст, ки бо мавриди истифода қарор додани шуъбаи мазкур сатҳу сифати хизматрасонии ёрии таъҷилии тиббӣ ба аҳолии ноҳияи Файзобод боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

“Корвони саломатӣ” дар муассисаҳои тиббии вилояти Суғд

Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз як қатор муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд

Таҳияи Нақшаи чорабиниҳои лоиҳаи “Омодагӣ ва гузаронидани соли ҳифзи саломатии давлатҳои аъзои ИДМ ва қарорҳои Шӯрои сарварон дар соли 2026” баррасӣ гашт

Вохурӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Федеролии Олмон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Search