“Корвони саломатӣ” дар муассисаҳои тиббии вилояти Суғд

Бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, ташхис ва муоинаи ройгони шаҳрвандон ва дар ин замина баланд бардоштани фарҳанги солимии аҳолӣ давоми солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи “Корвони саломатӣ” дар тамоми гӯшаву канори мамлакат ташкил ва баргузор карда мешавад.

Аз 24 то 28-уми феврали соли 2025 бо ташаббуси Раёсати тандурустии вилояти Суғд ҷиҳати пешгирии фавти модар ва кӯдак, баланд бардоштани маърифат ва маълумотнокии аҳолӣ оид ба аломатҳои хатари ҳомиладорӣ, саривақт муайянсозии занони ҳомиладор бо аворизҳои ҳомиладорӣ ва фарогирии онҳо бо табобат, чорабинии марказонидашудаи иттилоотию ташхисии “Корвони саломатӣ” дар марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатии як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти мазкур гузаронида шуд.

Дар доираи маъракаи “Корвони саломатӣ” сокинони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Б.Ғафуров, Спитамен ва Ҷ.Расулов аз ҷониби табибони ботаҷриба, аз ҷумла акушер-гинекологҳои шуъбаҳои таваллудии шаҳру ноҳияҳои вилоят, марказҳои солимии репродуктивӣ, машваратчиёни кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва табибони оилавӣ ба ташхис ва муоинаи ройгон фаро гирифта шуданд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки дар рафти ин чорабинии солимгардонӣ мутахассисони соҳа тавонистанд беш аз 16524 нафар занони ҳомиладорро ба таври ройгон ташхису муоина намоянд.

Ҳамзамон, аз ҷониби мутахассисони соҳа дар байни аҳолӣ оид ба пешгирии бемориҳо ва тавсияҳо барои табобати бемориҳои гуногун корҳои фаҳмондадиҳӣ низ гузаронида шуд.

Дар радифи чорабиниҳои дар боло зикршуда, ҳамзамон аз тарафи мутахассисони Маркази солимии репродуктивии вилоят дар муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят мониторинг оид ба санҷиши сифати чорабинии “Корвони саломатӣ” дар муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои мазкур баргузор гашт.

Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади саҳеҳу дақиқ намудани ҳисоботи “Корвони саломатӣ” дар Маркази солимии репродуктии вилояти Суғд ситод амал намуда, ҳамарӯза шахсони масъул оид ба корҳои анҷомдодашуда маълумотҳои заруриро ҷамъ меоваранд.

Дар маҷмӯъ, чунин чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ ва солимгардонӣ метавонанд барои баланд бардоштани малакаи табибон дар минтақаҳо ва дастрасии ҳарчи бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббии ройгон мусоидат кунанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд

Мутахассиси эронӣ ва табибони тоҷик оид ба дарёфти нуқсон ва иллатҳои модарзодии тифл табодули таҷриба намуданд

Вохурӣ бо шарикони рушд

Франсия: Иштироки Ғафур Муҳсинзода дар вохурии сатҳи баланд оид ба фарогирии умумии хизматрасонии тиббӣ

Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ шуд

Ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи cолонаи соли чоруми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-4) доир гашт

Search